IQNA

21:12 - August 13, 2026
рақами хабар: 4954

Дурахши қории навраси мисрӣ дар марҳилаи муқаддамотии барномаи истеъдодҷӯён + видео

Рӯзи дуюми марҳилаи интихобии барномаи истеъдодҷӯёни «Давлати тиловат» дар вилояти Қино-и Миср бо рақобати шадид миёни иштирокчиён баргузор шуд. Дар миёни онҳо Аҳмад Ваҳбӣ, қории наврас низ қарор дошт, ки дар ҷараёни рақобат тиловати дилнишину хушоҳангии худро пешкаш кард.

Ба гузориши хабаргузории икно, ба нақл аз рӯзномаи «Ал-Яум ас-Собиъ», тамошобинон ва ҳайати доварон бо шавқу ҳаяҷон ба тиловати оятҳое аз Қуръони Карим аз ҷониби ин писарбача вокуниш нишон доданд. Ӯ бо ташвиқи падараш то синни панҷсолагӣ тамоми Қуръонро ҳифз кардааст.

Марҳилаҳои муқаддамотии дуюмин давраи мусобиқаи интихобии «Давлати тиловат» бо ҳузури иштирокчиён аз панҷ вилоят ва дар тӯли се рӯз оғоз шудааст.

Марҳилаи интихобии «Давлати тиловат» дар вилояти Қинои Миср

Ин марҳилаи интихобӣ бахше аз раванди интихоби иштирокчиён барои мавсими дуюми барномаи истеъдодҷӯёни «Давлати тиловат» ба шумор меравад. Ҳадафи ин тарҳ, шиносоӣ ва парвариши истеъдодҳои барҷаста дар заминаи тиловати Қуръони Карим ва фароҳам кардани имконият барои афроди дорои садои хушу истеъдоди хос барои ширкат дар рақобатҳои ин тарҳ мебошад.

Вазорати авқофи Миср бар аҳаммияти ин марҳилаи муқаддамотӣ дар ҳимоя аз истеъдодҳои қуръонӣ ва ташвиқи иштирокчиён ба азхуд кардани қоидаҳои тиловат ва ҳунари иҷро таъкид кард. Ин иқдом ба тарбияи насли барҷастае аз қориён ва ҳифзи ҷойгоҳи волои мактаби мисрии тиловати Қуръон мусоидат мекунад.

Баргузории мунтазами марҳилаҳои муқаддамотӣ

Қарор аст марҳилаҳои муқаддамотӣ тибқи ҷадвали замонӣ ва механизмҳои муайяншуда аз ҷониби Вазорати авқофи Миср баргузор шуда, пазирои иштирокчиён аз панҷ вилояти ширкаткунанда дар ин рақобатҳо бошад. Ҳамзамон, тадбирҳои зарурии назоратӣ ва иҷроӣ барои таъмини баргузории равону низомманди ин марҳилаҳо андешида шудааст.

Барномаи «Давлати тиловат» яке аз барномаҳои муҳимест, ки аз ҷониби Вазорати авқофи Миср бо ҳамкории «Ширкати муттаҳидаи хадамоти расонаӣ» роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи ин барномаи телевизионӣ муаррифии ҳунари тиловати мисрии Қуръон бо услуби нав, шиносоӣ ва кашфи истеъдодҳои ҷавон дар вилоятҳои мухталифи ин кишвар мебошад. Ҳамзамон, ин барнома фазои расонаиро барои муаррифии қориёни соҳибистеъдод ва боло бурдани маҳорати онҳо фароҳам мекунад.

تعداد بازدید : 0
код

4369205

captcha