
Матни паёми телевизионии Раҳбари Инқилоб чунин аст:
Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон
Рӯзи бисту дуюми баҳман дар ҳар сол, рӯзи намоён шудани қудрат ва иззати миллати Эрон аст; миллате, ки ба шукри Худо боангеза, боирода, устуворқадам, қадрдон ва огоҳ аз манфиатҳо ва зарарҳои худ мебошад.
Он рӯзе ки аввалин 22-и баҳман рух дод, миллати Эрон як пирӯзии бузург ба даст овард; тавонист худ ва кишварашро аз дахолати бегонагон наҷот диҳад. Он бегонагон дар тӯли ин солҳо ҳамеша хостаанд вазъияти пешинаро боз барқарор кунанд; аммо миллати Эрон истодааст. Нишонаи ин истодагарӣ, рӯзи 22-и баҳман аст.
Ин роҳпаймоӣ дар ҷаҳон бесобиқа аст. Дар ҳеҷ ҷои дунё мо суроғ надорем, ки пас аз солҳои тӯлонӣ, рӯзи истиқлол ва рӯзи миллии як кишвар ҳар сол ба чунин ҷамъиятҳои азим дар саросари кишвар рӯ ба рӯ шавад ва мардум битавонанд худро нишон диҳанд. Имрӯз миллати Эрон бо роҳпаймоӣ дар кӯчаҳо худро нишон медиҳад ва онҳоеро, ки нисбат ба Эрони исломӣ, Ҷумҳурии Исломӣ ва манфиатҳои ин миллат тамаъ доранд, маҷбур ба ақибнишинӣ мекунад.
Қудрати миллӣ бештар аз он ки ба мушак ва ҳавопаймо вобаста бошад, ба ирода ва истодагарии миллатҳо вобаста аст. Шумо ба шукри Худо дар мавридҳои гуногун истодагарӣ ва иродаи худро нишон додаед; боз ҳам нишон диҳед ва душманро ноумед созед. То замоне ки душман ноумед нашавад, як миллат дар маърази озору азият қарор мегирад; бояд душманро ноумед кард. Ноумедии душман бо ваҳдати шумо, бо қудрати фикр ва иродаи шумо, бо ангезаи шумо ва бо истодагарӣ дар баробари васвасаҳои душман ба даст меояд; ҳамаи инҳо қудрати миллиро ташкил медиҳанд.
Иншоаллоҳ ҷавонони мо битавонанд дар майдонҳои гуногун — майдони илм, майдони амал, майдони тақво ва ахлоқ, майдони пешрафтҳои моддӣ ва маънавӣ — ҳарчи бештар пеш раванд, иқдом кунанд ва барои кишвар ифтихор биофаранд. Ва рӯзи 22-и баҳман мазҳари ҳамаи инҳост; ҳама ба кӯчаҳо меоянд, шиор медиҳанд, ҳақиқатҳоро баён мекунанд ва ҳамбастагии худро эълон менамоянд; ва миллати Эрон вафодории худро ба Ҷумҳурии Исломӣ эълон мекунад.
Умед дорем, иншоаллоҳ ин 22-и баҳман ҳам мисли ҳамаи 22-и баҳманҳои солҳои гузашта, шукӯҳи миллати Эронро дучандон ва афзун гардонад; ва миллатҳои дигар, давлатҳо ва қудратҳоро дар баробари миллати Эрон ба хузӯъ ва фурӯтанӣ водор созад; ки иншоаллоҳ ҳамин гуна ҳам хоҳад шуд.
Вас-салому алайкум ва раҳматуллоҳ ва баракотуҳ
21/11/1404