IQNA

Раҳбари ҶИЭ; миллати азиз, Эронро сарбаланд ва душманро маъюс кардед дуруд бар якояки шумо

10:37 - February 14, 2026
рақами хабар: 4386
Матни паёми тасвирии имом Хоманаӣ дар қадрдонӣ аз ҳузури миллати Эрон дар роҳпаймоии 22 баҳмани 1404 – чиҳилу ҳафтумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон

بسم الله الرّحمن الرّحیم
لاحول و لا قوّة الّا باللّه العلیّ العظیم

Миллати азизи Эрон, дирӯз, рӯзи бисту дувуми баҳмани имсол, кори бузурге анҷом додед; Эронро сарбаланд ва Ҷумҳурии Исломиро монанди ҳамеша пуштибонӣ кардед ва ба қудрати он афзудед. Душманоне, ки дар изҳорот ва барномарезиҳои худ ба дунболи таслими миллати Эронанд, маъюс шуданд. Ин кори бузургро дирӯз ба тавфиқи илоҳӣ анҷом додед ва Худои Мутаол аҷри чунин ҳузур ва чунин ҳаракати азимеро ба миллат хоҳад дод; ва он иззати бештар, иқтидори бештар ва истиқлоли комилтар хоҳад буд; иншоаллоҳ.

Саъй бишавад, ки иттисолу инсиҷоми миллиро ҳифз кунем; ҳамаи мо саъй кунем. Ин инсиҷоми миллӣ хеле қимат дорад ва хеле боарзиш аст. Ин ки як миллат биёянд дар хиёбонҳо, як ҳарфи воҳид, як шиори воҳид, як матлуби воҳидро такрор кунанд ва амалан нишон бидиҳанд, ки дар саҳна ҳузур доранд ва метавонанд ҳувият ва шахсияти худашонро ба рухи душманони худашон бикашанд, хеле боарзиш аст.

Ман аз ҳамаи миллати Эрон ташаккур мекунам ва дуруди фаровони худамро бар якояки он касоне, ки дирӯз дар ин иҷтимои азими миллионии кишварӣ ҳузур доштанд, тақдим мекунам.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

 

captcha