
Хабаргузории байналмилалии Қуръон (Икно) ҳамзамон бо моҳи мубораки Рамазон ва дар ростои рисолати қуръонии худ, ҳамонанди солҳои пешин, ба тавлиди силсилаи дарсгуфторҳои омӯзишӣ бо даъвати коршиносон ва соҳибназарон дар заминаҳои гуногуни қуръонӣ, иҷтимоӣ, адабӣ ва фарҳангӣ ба шакли видеоӣ иқдом кардааст. Имсол низ ин тавлидот дар парвандае бо унвони «Моҳи Азиз» нашр мешавад.
Ҳамчунин, шуморе аз ин барномаҳо ба забонҳои арабӣ, англисӣ, туркӣ ва фаронсавӣ омода гардида, дар сомонаи ин хабаргузорӣ ва шабакаҳои иҷтимоии он мунташир мешаванд.
Ҳавасмандон метавонанд ин муҳтавоҳоро дар нишонии iqna.ir ва инчунин дар паёмрасонҳо бо номи корбарии iqnanews дар дохил ва хориҷи кишвар пайгирӣ намоянд.
4335551