IQNA

Сиюсеюмин Намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Эрон оғоз гардид

15:14 - February 21, 2026
рақами хабар: 4416
Сиюсеюмин Намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим ба мизбонии Мусаллои Теҳрон ва бо шиори «Эрон дар паноҳи Қуръон» рӯзи ҷумъа, якуми исфанд, аз соати 16:00 дар Мусаллои Имом Хумайнӣ оғоз ба кор кард.

Бахши иффат ва ҳиҷоб ва бахши фурӯши баҳорӣ дар Мусаллои Имом Хумайнӣ ба таври комил барои пазироии рӯзадорон омодаанд, аммо дигар бахшҳо ҳанӯз пурра омода нестанд ва масъулони гӯшаҳо (ғӯрафадорон) дар ҳоли омодасозӣ барои истиқболи боздидкунандагон мебошанд.

Маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳи Қуръон низ имрӯз, дуюми исфанд, баргузор мешавад.

Мавзӯъҳои меҳварии намоишгоҳи имсола иборатанд аз: «Қуръон, умедофаринӣ ва шодобии иҷтимоӣ», «Қуръон ва ҳамбастагии миллӣ ва ваҳдати исломӣ», «Қуръон ва Инқилоби исломӣ», «Қуръон ва намозу масҷиди намунавӣ», «Қуръон ва ислоҳи намунаи истеъмол», «Қуръон ва иффату ҳиҷоб», «Қуръон ва Паёмбари Аъзам (ба муносибати 1500-солагии мелоди Паёмбари Акрам (с))», «Қуръон ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар», «Қуръон ва Наҳҷул-балоға», «Қуръон ва Саҳифаи Саҷҷодия», «Қуръон ва маҳдавият», «Қуръон ва Ғадир», «Қуръон ва сираи анбиё ва аиммаи атҳор (а)» ва «Қуръон ва улуми рӯз».

Намоишгоҳи Қуръони ин давра дар қолаби 11 бахши намоишгоҳӣ бо рӯйкарди фарҳангӣ ва муҳтавоӣ ва се бахши фурӯшгоҳӣ бо рӯйкарди иқтисоди фарҳанг ташкил шудааст ва беш аз 70 зербахш, рӯйдод ва гӯшаи тахассусиро дар бар мегирад.

Ҳамчунин имсол бахши мустақиле бо унвони «Зеҳни сунъӣ ва фанновариҳои навин» дар намоишгоҳ фаъол аст. Дар ин бахш шаш маҷмуаи донишбунёд ҳузур доранд ва ҳар шаб рӯйдоде бо меҳвари тавлиди муҳтавои қуръонӣ бар пояи зеҳни сунъӣ бо иштироки хонандагон ва донишҷӯён баргузор мегардад. Натиҷаҳои ин рӯйдодҳо дар қолаби намоишгоҳҳои рӯзона дар маърази диди умум қарор мегиранд.

4335657

captcha