IQNA

Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Хоманаӣ севумин раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд

2:09 - March 09, 2026
рақами хабар: 4475
Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Хоманаӣаз сӯйи мунтахабини хубрагон ба унвони севумин раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуд.

Ба гузориши икно, баъд аз як ҳафта аз шаҳодати раҳбари муаззами инқилоб, аз сӯйи маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Хоманаӣ ба унвони севумин раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон муаррифи шуд.
Матни баёнияи маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ба шарҳи зер аст: 
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон 
Миллати шариф ва озодаи Эрони исломӣ, салому дуруди Худованд бар шумо бод.
Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, зимни арзи таслияти шаҳодати қоъиди азимул шаъну ҳазрати Оятуллоҳ имом Хоманаӣ (Қуддасал Лоҳи Нафмаҳул Закия) дигар шаҳидони гиромиқадр ба вижа фармондеҳони боло мақом ва ҷон бар кафи нерӯҳои мусаллаҳ ва донишомӯзони мадрасаи шаҷарааи Тайиба, шаҳристон Миноб ва маҳкум намудани таҷовузи ваҳшиёнаи Амрикои ҷинояткор ва режими хабиси саҳюнистӣ ба истиҳзор мерасонад ин маҷлис билофосила пас аз интишори хабари шаҳодат ва уруҷи малакутии раҳбари фарзона ва Ҳакими инқилоби исломӣ алорағми шароити ҷангӣ ва таҳдидоти мустақими душманон алайҳи ин ниҳоди мардуми ва бомбаборони дафтарҳои дабир хона маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ки ба шаҳодати чанд тан аз кормандони ва гурӯҳи ҳиросати ин маҷмӯъа мунҷар шуд, лаҳзаи дар фароянди интихоб ва муаррифии раҳбари низоми исломӣ даранг нанамуданд, тадобир ва тамҳидоти лозима барои баргузории иҷлоси иҷтимои намояндагони муҳтарами ин маҷлис, ки дар бисёре аз нуқтаҳои кишвар ҳузур доранд анҷом гирифт то алорағми пешбиниҳои ҳушмандона дар асл 111-и қонуни асосӣ барои ташкили шӯрои муваққат, кишвар дучори халаъи раҳбарӣ нагардад.
Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бо болотарин ниҳодҳо ба ҷойгоҳи волои вилояти фақеҳ дар асри ғайбати ҳазрати Валийи Аср (Аҷалал Лоҳу Таъоло фараҷаҳу Шариф) ва аҳамияти масъалаи раҳбарӣ дар низоми Ҷумҳурии Исломӣ, 47 сол ҳукмронии ҳакимона ва мубтани бар асли иззат, истиқлол ва иқтидори мӯъминони инқилобро пос медорад ва зимни гиромидошти ёди он раҳбари илоҳӣ ва мардумӣ эълом медорад ин маҷлис пас аз баррасиҳои дақиқ ва густарда ва истифода аз зарфияти асли 108- ин қонуни асосӣ, мутобиқи вазифаи шаръи ва эътиқод ба ҳузур дар мазҳари намояндагони муҳтарами маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ба унвони севумин раҳбари низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъйин ва муаррифи менамояд.
Дар поён бо қадрдонӣ аз аъзои шӯрои муваққати асли 111- ин қонуни асосӣ, ҳамаи миллати шарифи Эрон ба вижа нухбагон ва фарҳихтагони ҳавза ва донишгоҳро ба байъат бо раҳбарӣ ва ҳифзи инсиҷом, меҳвари вилоят, даъват мекунад ва истимрори лутф ва инояти ҳазрат бори Таъоло бар ин кишвар ва мардуми бузургро аз маҳзари рубубияш масъалат менамояд.
Вас салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва боракатуҳ
Дабирхонаи маҷлиси хубрагони раҳбарӣ 
1404/12/17
2026/03/8

4339300

captcha