IQNA

Оғози маросими ташеъи пайкари поки қаҳрамонони Ватан

17:32 - March 11, 2026
рақами хабар: 4480
Маросими ташеъи пайкари муҷоҳидони шаҳид, фармондеҳони бузурги мо аз назди Донишгоҳи Теҳрон ба сӯи меъроҷи шаҳидон оғоз гардид.

Ба гуфтаи хабарнигори икно, ҳазор бор шунидаем, ки «дар боғи шаҳодат дарвозаҳо кушодаанд» ва ин ҳақиқатест, ки ҳақталабон ва озодихоҳони ҷаҳони имрӯз онро солҳо боз исбот менамоянд.  

Имрӯз низ шаҳри Теҳрон шоҳиди ташеъи пайкари панҷ фармондеҳи шаҳиди мо мебошад, ки аз дасти бадтарин гурӯҳи инсонҳо ба шаҳодат расидаанд.  

Аз чанд дақиқа қабл мардумони қадрдони Теҳрон ба намояндагӣ аз 90 миллион иронии ғамгин, панҷ фармондеҳи шаҳиди худро, Амир сипаҳбуд шаҳид Сайид Абдурраҳим Мусавӣ, Сардор сипаҳбуд шаҳид Муҳаммад Покпур, Амир дарёасолор шаҳид Алӣ Шамхонӣ, Амир сарлашкар шаҳид Азиз Насирзода ва Сардор сарлашкари басиҷӣ шаҳид Муҳаммад Шерозиро, аз назди Донишгоҳи Теҳрон ба сӯи меъроҷи шаҳидон гусел менамоянд.  

Дар ин маросим ҳамчунин шуморе аз ҳамроҳони ин фармондеҳон, ки ба файзи шаҳодат ноил шудаанд, ва гурӯҳи шаҳрвандони осоиштаи кишвари мо, ки аз дасти душмани саҳюнистӣ — амрикоӣ ба шаҳодат расидаанд, низ ташеъи мешаванд.  

 

آغاز تشییع  پیکر مطهر قهرمانان وطن

Ҳоло назди Донишгоҳи Теҳрон пур аз мардумони шаҳидпарасти кишвари мост ва ҳар лаҳза ба сафи мардумони мотамдор ва иштирокчиёни ин маросим афзуда мешавад.

4339985

captcha