IQNA

Марҷаи шиъаёни Афғонистон: 

Дифоъ аз Эрон вазифаи шаръӣ аст

21:37 - March 25, 2026
рақами хабар: 4508
Марҷаи тақлиди шиъаёни Афғонистон изҳор дошт, ки дифоъ аз Эрон дар баробари таҷовузи Амрико ва режими саҳюнистӣ «вазифаи шаръӣ» аст.

Ба гузориши икно ба нақл аз Ова, Оятуллоҳ «Муҳаммадбоқир Фозилӣ Баҳсудӣ», яке аз марҷаи тақлиди шиъаёни Афғонистон, эълом кард, ки мутобиқи оёти Қуръони Карим, дифоъ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷанг бо Амрико ва режими саҳюнистӣ барои мусалмонон «воҷиб» аст.

 

Ӯ бо интиқод аз баёнияи ахири Шӯрои уламои Ал-Азҳари Миср гуфт, дар ҳоле ки Амрико ва режими саҳюнистӣ солҳо дар кишварҳои исломӣ, бахусус Фаластин, ба куштору ҷиноят даст задаанд, интизор меравад, ки ниҳодҳои динии ҷаҳони ислом аз кишварҳое, ки дар баробари ин таҷовузҳо истодагарӣ мекунанд, пуштибонӣ кунанд, на ин ки дифоъи онҳоро маҳкум намоянд.

 

Ин марҷаи тақлид бо истинод ба ояти 39-уми сураи Ҳаҷ таъкид кард, ки Қуръони Карим ба касоне, ки мавриди зулм қарор гирифтаанд, иҷозаи дифоъ дода ва ба онҳо ваъдаи ёрии илоҳӣ додааст.

 

Оятуллоҳ Фозилӣ Баҳсудӣ таъкид кард, ки дар чунин шароите, пуштибонӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамчун кишваре, ки дар баробари таҷовуз истодагарӣ мекунад, маҳдуд ба фатво ё назари шахсии уламо нест, балки реша дар насси қатъии Қуръон дорад ва ҳар мусалмон ба андозаи тавоноии худ масъулият дорад.

 

Ӯ ҳамчунин террори фармондеҳон ва нухбагони илмиву низомии Эронро нишонаи таҷовузи ошкори душманони ислом донист ва гуфт, ки дар баробари чунин иқдомоте, дифоъ ва муқовимат амри табиъӣ ва машруъ аст.

 

Оятуллоҳ Фозилӣ Баҳсудӣ дар бахши дигари суханонаш аз сукути баъзе ниҳодҳои динии аҳли суннат дар баробари иқдомоти Исроил ва Амрико интиқод карда, изҳор дошт, ки маҳкум накардани ин иқдомот ва дар баробари он, интиқод аз дифоъи як кишвари исломӣ, боиси нигаронӣ ва таассуф дар миёни мусалмонон шудааст.

https://iqna.ir/fa/news/4342514

captcha