IQNA

Муайян кардани дастхати илмҳои Қуръонӣ дар китобхонаи Арабистон

17:58 - April 05, 2026
рақами хабар: 4520
Китобхонаи умумии «Малик Абдулазиз»-и Арабистон аз кашф ва муайян кардани як нусхаи нодири дастхати илмҳои Қуръонӣ, ки ба асри чаҳоруми ҳиҷрӣ тааллуқ дорад, дар ин китобхона хабар дод.

Тибқи гузориши икно бо истинод аз хабаргузории расмии Арабистон, ин нусхаи нодир бо унвони «Ғариб-ул-Қуръон: Аҷоиб-ул-Қуръон» асари Абу Убайд Маъмар ибни Мусанно ат-Тамимӣ ал-Басрӣ мебошад.

Ин нусхаи дастхат 23 саҳифа буда, андозааш 22 дар 17 сантиметр аст ва бештар аз ҳазор сол аз таърихи нигошташ гузаштааст.

Ин китоби илмҳои Қуръонӣ чоп нашуда, бо хатти андалусӣ китобат шудааст ва номҳои сураҳо низ бо хатти куфӣ навишта шудаанд.

Китобхонаи Малик Абдулазиз маҷмӯаи бузурги нусхаҳои нодири дастхат дар бахшҳои тафсир ва илмҳои Қуръони Каримро дар ихтиёр дорад, ки шуморааш ба 185 нусхаи дастхат мерасад ва дар бойгонии арзишманд, ки шомили садҳо ҳуҷҷат ва матолиби қадимаи исломӣ аст, нигаҳдорӣ мешавад.

Китобхонаи Малик Абдулазиз нусхаҳои нодири дастхати зиёдеро дар бахшҳои тафсир, илмҳои Қуръон ва мусҳафҳо (нашрҳои Қуръон) ҷой додааст ва бо муҳтавои исломии худ барои шиносонидани мероси дастхатии исломӣ ба ҳаводорон ва пажӯҳишгарон талош мекунад.

Ин китобхона ҳамчунин арзишҳои таърихиро тавзеҳ дода ва мақоми сарчашмаҳои нодири илмҳои Қуръонӣ-ро дар ин бахш дар рӯзномаи худ қарор додааст.

4344369

captcha