
Ба гузориши икно ба нақл аз намояндагии фарҳангии Эрон дар Индонезия, филми мустанади «Гуфтугӯ бо падари Али Хоманаӣ», ки аз ҷониби равобити умумии ин намояндагӣ тавлид шудааст, пас аз нашри ибтидоӣ бо суръат дар расонаҳои ҷаҳон бозтоби хабарӣ ёфт ва таваҷҷуҳи афкори умумиро ҷалб кард.
Мавзӯи ин мустанад як шахси сиёсӣ нест, балки навзоди индонезист, ки волидонаш номи «Али Хоманаӣ» раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломии Эронро барои ӯ интихоб кардаанд.
Гурӯҳи расонаии намояндагии фарҳангии Эрон дар Индонезия барои баррасии ин масъала ба маҳалли зисти хонавода сафар намуда, дар гуфтугӯ бо падари навзод қиссаи интихоби ин ном ва сабабҳои хонаводагӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии онро бозгӯ кардааст.
4345831