IQNA

Оғози ёздаҳумин даври мусобиқаи байналмилалии Қуръони Карими Туркия

0:58 - April 23, 2026
рақами хабар: 4556
Ёздаҳумин даври мусобиқаи байналмилалии қироат ва ҳифзи Қуръони Карими Туркия дар шаҳри Диёрбакр оғоз ёфт.

Ба гузориши икно, ба нақл аз пойгоҳи хабарии «ilkha», ин мусобиқа рӯзи душанбе, 20 апрели соли 2026 (31 фарвардин) дар Диёрбакр бо ҳузури 44 мусобиқачӣ аз 36 кишвар оғоз гардидааст.  

Маросим дар толори маҷмааи “Салоҳуддини Айюбӣ”, воқеъ дар минтақаи Янишаҳр дар маркази Диёрбакр баргузор шуд. Теъдоди зиёди меҳмонон, ҳофизон ва мусобиқачиён аз кишварҳои гуногун дар он ширкат доштанд.  

Дар ин мусобиқа 44 иштирокчӣ аз 36 кишвар аз ҷумла Миср, Русия, Эрон, Тоҷикистон, Дания, Малайзия, Зеландияи Нав ва Фаластин ширкат доранд. Аз ин миён 12 иштирокчӣ дар бахши қироат ва 32 иштирокчӣ дар бахши ҳифз бо ҳам рақобат мекунанд.  

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Ҷалол Буёк, муфтии Диёрбакр; Усмон Ишин Юрук, раиси Кумитаи Қуръон ва Қироат дар идораи корҳои динии Туркия; Мустафо Шентоп, раиси парлумони давраи бисту нуҳуми Туркия; Ҳофиз Усмон Шоҳин, муовини раиси корҳои динии Туркия; Сайит Ёз, намояндаи Ҳизби адолат ва рушд (АКР) дар Диёрбакр ва дигар шахсиятҳои мазҳабию сиёсии кишвар суханронӣ карданд.  

Ҳамзамон, дар чор минтақаи марказӣ ва баъзе мавзеъҳои дурдаст барномаи “Суфраҳои қуръонӣ” баргузор мегардад, ки интизор меравад меҳмонони зиёд дар он ширкат намоянд.  

Тибқи гузоришҳо, маросими супоридани ҷоизаҳои мусобиқа рӯзи 29 апрел (9 урдибиҳишт) соати 14:00 ба вақти Анқара, дар маҷмааи раисиҷумҳурӣ дар Анқара бо ҳузури Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия баргузор хоҳад шуд.  

Мустафо Шентоп дар суханронии худ бар аҳамияти ҳифзи Қуръон таъкид карда, гуфт:  
«Тақрибан ҳар хонавода дар Туркия ақаллан як ҳофизи Қуръон дорад. Ҳифзи Қуръон ҷойгоҳе бузург ва муҳтарам аст».  

Ҳофиз Усмон Шоҳин низ аз доварон ва ташкилдиҳандагони мусобиқа изҳори сипос карда, афзуд:  
«Қироат, ҳифз ва гӯш додан ба Қуръон ибодат аст ва зиндагӣ мувофиқ ба таълимоти он ҳадафи ниҳоӣ мебошад». Ӯ бар зарурати амал кардан ба Қуръон дар зиндагӣ таъкид намуд.  

Мурад Зулоғлу, вилояти Диёрбакр, бо ишора ба аҳамияти таърихӣ ва мазҳабии ин шаҳр гуфт:  
«Диёрбакр яке аз муҳимтарин рамзҳои исломӣ дар минтақа аст, зеро мероси саҳобаи Паёмбар (с) дар он ҳифз шудааст ва он ба ҳайси маркази маънавии муҳим барои Анатолия шинохта мешавад. Ин шаҳр мизбони рӯйдодест, ки бародарию арзишҳои муштаракро инъикос мекунад».

4347832

captcha