IQNA

Шаҳодати 8 нафар лубнонӣ дар пайи нақзи дубораи оташбас дар ҷануби Лубнон

7:07 - May 01, 2026
рақами хабар: 4577
Дар пайи шиддат гирифтани ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба минтақаҳои ҷанубии Лубнон ва нақзи такрории оташбас, Созмони мудофиаи шаҳрвандии Лубнон аз шаҳодати дастикам ҳашт нафар хабар дод.

Ба гузориши икно ба нақл аз «Алҷазира», Созмони мудофиаи шаҳрвандӣ дар ҷануби Лубнон эълом кард, ки бар асоси омори аввалия, дар натиҷаи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба шаҳрҳои Ҷабшит, Тул ва Ҳоруф дар ҷануби ин кишвар, ҳашт нафар ба шаҳодат расидаанд.

Ҳамзамон, Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, ки як паҳпод (дрон)-и исроилӣ аз навъи «Ҳермес 450»-ро дар осмони шаҳри Набатия бо мушаки замин ба ҳаво ҳадаф қарор дода, сарнагун кардааст.

Дар ҳамин ҳол, манобеи хабарӣ аз идомаи ҳамлаҳои тӯпхонаии артиши режими саҳюнистӣ ба минтақаҳои мухталифи ҷануби Лубнон хабар доданд. Бар асоси ин гузоришҳо, шаҳрҳои Зуотр аш-Шарқия, Яҳмар аш-Шақиф ва Байт ас-Сайёд мавриди гулӯлаборон қарор гирифтаанд.

Шабакаи «Алҷазира» ҳамчунин гузориш дод, ки шаҳрҳои Ҳорис, Байт Яҳун ва Ал-Ғандурия низ дар ҳамлаҳои ҷудогонаи артиши режими саҳюнистӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Дар вокуниш ба ин ҳамлаҳо ва нақзи оташбас, Ҳизбуллоҳи Лубнон минтақаҳоеро дар шимоли сарзаминҳои ишғолшуда ҳадаф қарор дод. Дар пайи ин ҳамлаҳо, ожирҳои ҳушдор дар дастикам 15 нуқтаи минтақаи Ҷалили Ғарбӣ ба садо даромаданд.

Расонаҳои ибрӣ низ гузориш доданд, ки дар натиҷаи бархӯрди мустақими як мушак ба минтақаи Шумейра дар Ҷалили Ғарбӣ, як худрави зиреҳпӯши марбут ба артиши режими саҳюнистӣ оташ гирифтааст.

Режими саҳюнистӣ дар моҳҳои ахир борҳо бо нақзи оташбас, минтақаҳои ҷанубии Лубнонро мавриди ҳамла қарор додааст; дар муқобил, Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кардааст, то замоне ки нерӯҳои исроилӣ аз хоки Лубнон хориҷ нашаванд, ҳамлаҳои мутақобил идома хоҳанд ёфт.

4349586

captcha