
Бино ба гузориши икно ба нақл аз “Вето”, маълумот ва таҳқиқоте, ки аз ҷониби Идораи кулли ҳуқуқи нашр ва ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар бахши ихтисосии полис анҷом шудааст, тасдиқ кард, ки соҳиби як китобфурӯшии воқеъ дар ҳудуди пулиси Дарб ал-Аҳмар бидуни иҷозат ба фурӯш ва паҳни ғайриқонунии нусхаҳои Қуръони Карим машғул будааст.
Нерӯҳои амниятӣ бо ҳузур дар китобфурӯшӣ мудири онро боздошт карданд ва дар ин макон 1500 нусха Қуръони Каримро пайдо намуданд, ки ҳеҷ гуна иҷозатнома ё муҷаввизи расмӣ надоштаанд.
Муттаҳам пас аз рӯбарӯ шудан бо далелҳо эътироф кард, ки бо ҳамдастӣ бо соҳиби китобфурӯшӣ ва бо ҳадафи ба даст овардани фоидаи ғайриқонунӣ ин қонуншиканиро анҷом додааст.
Марҳилаҳои зарурии қонунӣ анҷом дода шуд ва мақомоти салоҳиятдор бевосита масъулияти таҳқиқотро бар уҳда гирифтанд.
Аз сӯи дигар, Идораи кулли таҳқиқоти ҳуқуқи нашр ва ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мудири як чопхонаи беиҷозатро дар минтақаи пулиси Обидин боздошт кард. Ин боздошт пас аз он анҷом шуд, ки чопи шумори зиёде аз нашрияҳои тиҷоратӣ аз ҷониби ӯ бидуни иҷозати мақомоти салоҳиятдор тасдиқ гардид.
Таҳқиқот нишон дод, ки ин чопхона беш аз 10 ҳазор нашрияи тиҷоратиро бо нақзи қонунҳои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ва бо ҳадафи ба даст овардани фоидаи ғайриқонунӣ истеҳсол мекардааст.
Мудири чопхона пас аз бозпурсӣ ба қонуншиканиҳо эътироф кард. Ҳамаи марҳилаҳои зарурии қонунӣ анҷом дода шуд ва ӯ барои таҳқиқоти бештар ба додситонии марбута ирсол гардид.
4351973