
Бино ба гузориши икно ба нақл аз «Аш-Шуруқ», шайх Си Ҳаҷ Муҳаммад Тайиб, муҳаққиқ ва муфассири барҷастаи Қуръони Карим, рӯзи гузашта, 30 май, дар синни 92-солагӣ дар вилояти Тизи Уззуи Алҷазоир даргузашт.
Юсуф Белмаҳдӣ, вазири корҳои динӣ ва авқофи Алҷазоир, дар паёми таслияти худ ба хонаводаи марҳум гуфт: «Бо даргузашти ӯ, Алҷазоир яке аз чеҳраҳои барҷастаи худро аз даст дод; марде нотакрор, ки тамоми умри худро барои хидмат ба дин ва илм бахшида буд.»
Вазири корҳои динии Алҷазоир инчунин ин донишманди марҳумро ҳамчун имом, мураббӣ ва омӯзгоре тавсиф кард, ки зиндагии худро барои таълим, роҳнамоӣ ва густариши маъниҳои Қуръони Карим сарф намудааст. Ӯ таъкид кард, ки Тайиб ифтихори тарҷумаи пурраи Қуръон ба забони амозиғиро ба даст оварда буд.
Ин донишманди фақид аввалин шахсе буд, ки Қуръони Каримро ба забони амозиғӣ (берберӣ) тарҷума кард. Тарҷумаи ӯ аз ҷониби чопи Қуръони Карими Малик Фаҳд дар шаҳри Мадина тасдиқ гардид. Ҳамчунин, Арабистони Саудӣ ба қадрдонии талошҳои ин андешманди алҷазоирӣ дар роҳи хидмат ба таълимоти қуръонӣ ва тарҷумаи Қуръон ба забони амозиғӣ, ҷоизаи махсусеро ба ӯ ихтисос дода буд.
Ӯ пас аз ҳафт соли кори пайваста, ҷиддӣ ва хомӯшона барои тарҷумаи Қуръони Карим, ин кори азимро ба анҷом расонд ва тарҷумаи худро бо хатти арабӣ пешниҳод намуд.
Тайиб соли 1934 дар шаҳри Ифраҳунан, воқеъ дар вилояти Тизи Уззуи Алҷазоир ба дунё омадааст. Ӯ аз овони кӯдакӣ барои ҳифзи Қуръон ба завия (мактабхонаҳои суннатии омӯзиши ҳифзи Қуръон дар Алҷазоир) рафта буд.
Пас аз муддате ӯ ба Инқилоби озодихоҳии Алҷазоир (1954–1962) барои мубориза бар зидди истеъмори Фаронса пайваст. Ба ҳамин сабаб соли 1958 ба зиндон маҳкум шуд ва то истиқлоли кишвараш дар соли 1962 ин сахтиҳоро паси сар кард.
Ҳатто дар давраи зиндон низ аз роҳи омӯзиш ва фаҳми Қуръон дур нашуд. Баъдан таҳсилоти худро дар риштаи адабиёти араб идома дода, соли 1966 донишгоҳро хатм кард.
Соли 1985 ӯ ҳамчун нозири корҳои ақаллиятҳои мусулмон ба Фаронса фиристода шуд ва чор сол дар ин вазифа фаъолият намуд.
Забони амозиғӣ асосан аз ҷониби мардуми қораи Африқо гуфтугӯ мешавад. Ин забон ба хонаводаи забонҳои африқоӣ-осиёӣ тааллуқ дошта, бештари гӯяндагони он дар Алҷазоир зиндагӣ мекунанд.
4355221