
Бино ба гузориши икно, ба нақл аз равобити умумии шаҳрдории Теҳрон, Муҳаммадамин Таваккулӣзода, муовини иҷтимоии шаҳрдори Теҳрон, имрӯз 12-уми хурдод дар ҷаласаи Комиссияи фарҳангӣ ва иҷтимоии шаҳрҳои бузурги Эрон гуфт, ки барои раҳбари шаҳиди Эрон се рӯзи маросими гусел дар назар гирифта шудааст.
Вай изҳор дошт: «Ташйеи ҷанозаи раҳбари шаҳид дар се шаҳри Теҳрон, Қум ва Машҳад ҳатмӣ аст ва мо барои пазироии ҷамъияте беш аз 15 то 20 миллион нафар дар пойтахт омодагӣ мебинем.»
Таваккулӣзода бо баёни он ки маросими ташйеъ ҳадди ақал 24 соат идома хоҳад кард ва роҳбарии он бар уҳдаи Сипоҳ аст, гуфт: «Эҳтимолан маросими гусели раҳбари шаҳид дар Мусаллои Теҳрон ё оромгоҳи Имом Хумайнӣ (р) баргузор хоҳад шуд.»
Вай дар бораи маҳалли дафни раҳбари шаҳиди Эрон низ гуфт: «Тибқи васияти эшон ва тавсияҳои наздиконашон, маҳалли хокспории Имоми шаҳид дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) хоҳад буд ва пайкари эшон дар он ҷо ором хоҳад гирифт.»
Муовини шаҳрдори Теҳрон идома дод: «Машҳад низ шароити вижаи худро дорад, зеро эҳтимолан аз минтақаи шарқии кишвар бештар аз ҳама меҳмонон аз кишварҳои ҳамсоя ҳузур хоҳанд дошт. Ба эҳтимоли зиёд аз меҳмонони покистонӣ, афғонистонӣ, ҳиндӣ, банглодешӣ ва мардуми Кашмир дар Машҳад пазироӣ хоҳад шуд.»
Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки баргузории маросими ташйеи ҷанозаи раҳбари шаҳид дар Ироқ низ мавриди баррасӣ қарор дорад.
4355868