IQNA

Ҳарами мутаҳҳари Ҳусайнӣ ва Аббосӣ дар остонаи моҳи Муҳаррам сиёҳпӯш шуд + акс

10:05 - June 15, 2026
рақами хабар: 4725
Деворҳо ва саҳнҳои ҳарами мутаҳҳари Имом Ҳусайн (а) ва Ҳазрати Аббос (а) дар шаҳри муқаддаси Карбало дар остонаи моҳи Муҳаррам бо парчамҳои сиёҳ ва рамзҳои азодорӣ сиёҳпӯш шуданд.

Ба гузориши хабаргузории «икно» ба нақл аз шабакаи ҷаҳонии «Кафил», тарҳи насби парчамҳои сиёҳ ва нишонаҳои азо дар саҳни ҳарами мутаҳҳари Ҳусайнӣ ва Аббосӣ ва минтақаи Байналҳарамайн дар остонаи моҳи Муҳаррам оғоз шудааст.

Дар ҳамин замина, Абдулҳусайн Муҳаммад, раиси идораи нигоҳдории остонаи муқаддаси Ҳусайнӣ, аз оғози насби катибаҳо ва парчамҳои сиёҳ дар ҳарами Имом Ҳусайн (а) ба муносибати фарорасии моҳи Муҳаррам хабар дод.

Ӯ гуфт, ки ин иқдомҳо ба хотири омодагӣ барои истиқболи моҳи Муҳаррамулҳаром ва баргузории бошукӯҳи маросими сӯгвории шаҳодати Имом Ҳусайн (а), аҳли байт ва ёрони вафодори ӯ, тибқи дастури мустақими намояндаи марҷаъияти олии динӣ анҷом дода мешаванд.

Абдулҳусайн Муҳаммад таъкид кард: «Ҳадафи мо ин аст, ки саҳни муқаддаси Ҳусайнӣ дар беҳтарин ва оростатарин шакл барои истиқболи анбӯҳи зиёраткунандагон ва азодороне, ки барои эҳёи маросими моҳи Муҳаррам ба Карбалои муалло меоянд, омода бошад.»

Остонаҳои муқаддаси Ҳусайнӣ ва Аббосӣ ҳамасола бо наздик шудани моҳи Муҳаррамулҳаром тавассути иҷрои барномаҳои хизматрасонӣ ва ҳамоҳангиҳои густурда, худро барои мизбонии ошиқони Абӯабдуллоҳ (а) омода месозанд.

 

4357789

captcha