IQNA

Бузургдошти зодрӯзи Мустафо Исмоил дар Миср + тиловат

10:27 - June 21, 2026
рақами хабар: 4747
Вазорати Авқофи Миср солгарди таваллуди устод Мустафо Исмоил, яке аз қориёни барҷастаи ин кишварро гиромӣ дошт.

Бино ба гузориши икно бо истинод ба Шабакаи «Тавосул ал-Ахбория», Вазорати Авқофи Миср солгарди таваллуди шайх Мустафо Исмоил, қории машҳур ва яке аз чеҳраҳои барҷастаи тиловати муосири Қуръон дар Миср ва бунёдгузори мактаби беназири тиловати Қуръонро ҷашн гирифт. Услуби ӯ омезише аз иҷрои пурқувват, овози дилнишин ва истифодаи навоваронаи мақомҳои мусиқӣ барои расонидани маъноҳои Қуръони Карим буд.

Мустафо Исмоил 17 июни соли 1905 дар деҳаи Майт Ғаззол, воқеъ дар ноҳияи Ас-Сантаи вилояти Ғарбия дар Миср таваллуд шуд. Ӯ дар муҳити саршор аз фарҳанги қуръонӣ ба воя расид ва дар айёми ҷавонӣ Қуръонро аз бар кард. Сипас дар муассисаи Аҳмадӣ дар шаҳри Танто номнавис шуда, улуми қироати Қуръон ва қоидаҳои тиловатро зери назари гурӯҳе аз уламо ва қориёни барҷаста омӯхт.

Соли 1944 Радиои Миср ӯро ҳамчун қории расмии Қуръон таъйин кард. Ҳамчунин дар давраи подшоҳии Малик Форуқ ӯ ба ҳайси қории қасри подшоҳӣ интихоб гардид.

Фаъолияти қуръонии ӯ бо рӯйдодҳои муҳим ҳамроҳ буд. Ӯ солҳои зиёд сураи Каҳфро дар Масҷиди Ал-Азҳар тиловат мекард ва тиловатҳояш аз Радиои Миср пахш шуда, ба гӯшаҳои гуногуни ҷаҳони ислом мерасид ва барои наслҳои пайдарпайи қориён ва дӯстдорони Қуръони Карим манбаи илҳом гардид.

Шайх Мустафо Исмоил пас аз сафар ба бисёр кишварҳои арабӣ, исломӣ ва дигар давлатҳо ва расонидани паёми Қуръони Карим ба қораҳои гуногун, унвони «Сафири Қуръон ба ҷаҳон»-ро соҳиб шуд. Яке аз лаҳзаҳои таърихии барҷастаи ӯ тиловати Қуръони Карим дар Масҷиди Ал-Ақсо дар соли 1977, ҳангоми сафари Анвар Содот буд.

Мустафо Исмоил медалҳо ва ифтихорномаҳои зиёди дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла медали Рӯзи Илм дар соли 1965 ва Нишони Сидри Лубнон ва мукофотҳои бисёри дигарро, ки ба хотири хизматҳояш дар роҳи хидмат ба Китоби Худо ба ӯ эҳдо гардида буданд, дарёфт кард.

Устод Мустафо Исмоил ҳамчун як мактаби фикрӣ ва ҳунарӣ дар санъати тиловати Қуръон шинохта мешавад.

Шайх Мустафо Исмоил 26 декабри соли 1978, пас аз зиндагие саршор аз маънавият ва боқӣ гузоштани мероси ҷовидонаи қуръонӣ, ки то имрӯз дар қалби мусулмонони ҷаҳон танинандоз аст, аз олам даргузашт.

Дар идомаи ин барнома бахшҳое аз шоҳкориҳои тиловати устод Мустафо Исмоил шунида мешавад.

تعداد بازدید : 0
код

4359307

captcha