Бино ба гузориши икно ба нақл аз *Middle East News*, моҳи муҳаррами имсол дар Ироқ нисбат ба Эрон як рӯз дертар оғоз шуд. Ба муносибати шаби Ошӯро, шумораи зиёди зиёраткунандагон аз дохил ва хориҷи Ироқ барои ширкат дар маросими азодорӣ ва зиёрати ҳарами Имом Ҳусайн (а) ба Карбало омадаанд.
Фардо, ҷумъа, 5-уми тир, дар Ироқ рӯзи Ошӯро мебошад. Дар ин рӯз дастаҳои сершумори азодорон бо ҳузур дар ҳарами ҳазрати Имом Ҳусайн (а) ба мотаму сӯгворӣ пардохта, ойинҳои махсусеро, ки дар Ироқ маъмуланд, баргузор хоҳанд кард.
4360395