Бино ба гузориши икно ба нақл аз шабакаи Ал-Олам, кӯчаҳо ва марказҳои исломӣ аз Лондон, Осло ва Лоҳа то Ҳамбург, Рим, Брюссел ва Стокҳолм дар рӯзҳои ахир мизбони азодороне буданд, ки бо миллатҳо ва забонҳои гуногун дар зери парчами ҳазрати Сайидушшуҳадо (а) ҷамъ омада, хотираи он ҳамосаи ҷовидонаро, ки пас аз садсолаҳо ҳамоно илҳомбахши озодагони ҷаҳон аст, зинда нигоҳ доштанд.
Яке аз бошукӯҳтарин ин маросимҳо рӯзи шанбеи 30-юми хурдод дар шаҳри Осло, пойтахти Норвегия баргузор шуд. Наздики 2 ҳазор нафар аз шиагон ва дӯстдорони Аҳли байт (а) бо миллатҳо ва пешинаҳои гуногун дар роҳпаймоии маъруф ба «Ошӯротуг» ширкат намуда, хотираи истодагӣ, шуҷоат ва фидокории ҳазрати Имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафояшро дар саҳрои Карбало гиромӣ доштанд.
Ташкилкунандагони ин чорабинӣ ҳузури густурдаи азодоронро нишонаи лутфи илоҳӣ ва инояти ҳазрати Валиаср (аҷ) арзёбӣ карда, изҳори умед намуданд, ки ин ойин дар солҳои оянда бо шукӯҳ ва густариши бештар баргузор хоҳад шуд.
Дар ҷараёни роҳпаймоии Осло инчунин нидои «Лаббайк ё Хоманаӣ» шунида шуд. Гурӯҳе аз азодорон бо дар даст доштани парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон, иртиботи миёни паёми Ошӯро ва муқовимати имрӯзаро бар зидди зулм, ишғолгарӣ ва ҳукмронӣ ба намоиш гузоштанд.
Тасвирҳои мунташиршуда аз ин маросим нишон медиҳанд, ки шиорҳои ҳусайнӣ дар канори эъломи вафодорӣ ба ормонҳои муқовимат фазои кӯчаҳои пойтахти Норвегияро фаро гирифта, парчамҳои сурх ва сиёҳи Ошӯро дар канори парчами Эрон ба эҳтизоз даромада буданд.
Роҳпаймоии Ошӯрои ҳусайнӣ дар шаҳри Лоҳаи Ҳолланд низ рӯзи якшанбеи гузашта баргузор гардид. Азодорон пас аз анҷоми маҷлиси сӯгворӣ дар Маркази исломии «Маҳфили Алӣ», бо парчамҳои ҳусайнӣ дар кӯчаҳои шаҳр роҳпаймоӣ намуда, бо марсияхонӣ, синазанӣ ва сар додани шиорҳои ошӯроӣ мазлумияти ҳазрати Сайидушшуҳадо (а) ва ёрони бовафояшро баён карданд.
Шаҳри Ҳамбург имрӯз, панҷшанбе, мизбони роҳпаймоии Ошӯро буд. Ҳамчунин, Маҳдияи Брюссел дар Белгия аз 25-уми хурдод барномаҳои даҳаи аввали моҳи муҳаррамро бо ҳузури азодорони форсизабон ва дигар дӯстдорони Аҳли байт (а) баргузор намуд. Маросимҳои монанд дар Стокҳолм ва дигар шаҳрҳои Шветсия низ ба забонҳои форсӣ, арабӣ ва шведӣ баргузор гардида, наслҳои гуногуни мусулмонони муҳоҷирро зери парчами ҳазрати Сайидушшуҳадо (а) гирд овард.
Роҳпаймоии бузурги Ошӯро дар шаҳри Берлин барои рӯзи шанбеи оянда барномарезӣ шудааст. Ташкилкунандагон аз ҳамаи инсонҳои озода ва мухолифони зулм даъват кардаанд, ки дар ин ҳаракат ширкат варзанд ва паёми ҷовидонаи «Ҳайҳот минназ-зилла» («Ҳаргиз зери бори хорӣ намеравем») - ро дар пойтахти Олмон садо диҳанд.
Дар Англия низ Маркази исломии Англия ва даҳҳо масҷид, ҳусайния ва марказҳои динӣ дар Лондон ва дигар шаҳрҳо маҷлисҳои Тосуо ва Ошӯрои ҳусайниро баргузор кардаанд. Роҳпаймоии асосии Ошӯро низ рӯзи ҷумъа дар маркази шаҳри Лондон баргузор хоҳад шуд.
4360382