Ба гузориши икно ба нақл аз шабакаи Ал-Олам, Шайх Наим Қосим гуфт: «Муқовимати исломӣ бо сабру истодагии худ, ки муодилаҳоро дигаргун месозад, ҷаҳонро шигифтзада кардааст. Сабри мо ояндаро месозад ва ҳайбату шукӯҳи тоғутро дарҳам мешиканад.»
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд: «Сабр роҳест, ки мо онро бо ихтиёри худ интихоб кардаем. Ин роҳ аз ҷанг ҳам нерумандтар буда, санги бунёдии пирӯзӣ маҳсуб мешавад.»
Ӯ дар шарҳи маънои сабр гуфт: «Сабр ба маънои таҳаммул ва худдорӣ дар баробари тарс, изтироб, эҳсоси аз даст додани назорат ва фишор аст. Сабр ҳолати худидоракунӣ, ирода ва таҳаммул мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки моҳи мубораки Рамазонро моҳи сабр меноманд, зеро рӯзадор бо вуҷуди гуруснагӣ ва ташнагӣ аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ мекунад, зеро барои итоати Худованд рӯза гирифтааст. Ӯ аз хоҳишҳои нафсонӣ ва лаззатҳо, ҳатто агар ҳалол ҳам бошанд, дурӣ меҷӯяд. Аз ин рӯ, сабр ба ирода ниёз дорад ва василаест барои сохтани шахсият, зиндагӣ ва ҳадафи инсон.»
Шайх Наим Қосим таъкид кард: «Сабр як интихоб аст. Баъзеҳо мегӯянд, вақте мусибате пеш меояд, ғайр аз сабр роҳи дигар нест. Аммо чунин нест. Инсон бояд худ қарор кунад, ки сабр пеша мекунад. Агар касе танҳо маҷбур бошад, ин сабр нест, балки танҳо таҳаммули ранҷ аст. Сабре, ки мо аз он сухан мегӯем, интихоби огоҳонаест, ки бо мушкилот, мубориза бо ҳавову ҳавас, фидокорӣ ва ирода ҳамроҳ аст. Чунин сабр ба ҷиҳоди нафс ва мубориза бо хоҳишҳои ботинӣ ниёз дорад.»
Ӯ афзуд: «Ин сабр дар чорчӯби манҳаҷи Ислом ва роҳи ҳазрати Имом Ҳусайн (а) зарур аст. Барои пойбанд мондан ба ин роҳ, густариши он ва табдил додани он ба чароғи зиндагӣ, инсон бояд аз марҳилаҳои зиёде бигзарад, ки ҳамагӣ ба сабр, ирода, устуворӣ, муқобила бо каҷравӣ ва рӯёрӯӣ бо душманони дохилӣ ва хориҷӣ ниёз доранд.»
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ ҳамчунин гуфт: «Мо наметавонем ҳаққи ин муқовимати бузург, арзишманд ва шарифро, ки дар Лубнон вуҷуд дорад, пурра адо кунем. Он чи имрӯз аз муқовимат дида мешавад, ҷаҳонро ба ҳайрат овардааст. Вақте мардум мепурсанд, ки инҳо кистанд, чӣ гуна чунин истодагӣ доранд ва чӣ гуна чунин корҳои ба назари онҳо ғайриимконро анҷом медиҳанд, ин нишон медиҳад, ки онҳо ба дидани чунин сабре, ки муодилаҳоро тағйир медиҳад, одат надоранд.»
Дар идома ӯ гуфт: «Сабри мо ояндаро месозад ва тавозуни қудратро тағйир медиҳад. Сабри мо боиси таҳкими тарҳи муқовимат мегардад, ҳайбату шукӯҳи тоғутро аз байн мебарад ва моро ба сабри Паёмбари Акрам (с), имомони маъсум (а) ва то ҳазрати Имом Маҳдӣ (аҷ) пайванд медиҳад. Ин ҳамон сабрест, ки мо аз он сухан мегӯем; сабре, ки як тарҳи бузург аст ва ба фидокорӣ ниёз дорад. Шумо аҳли фидокорӣ ҳастед ва бо дигарон тафовут доред.»
Дар поёни суханронии худ Шайх Наим Қосим изҳор дошт: «Мо бо касоне сухан намегӯем, ки онҳоро ба сабр даъват кунем, балки дар бораи касоне сухан мегӯем, ки мо аз онҳо сабр меомӯзем ва ҷаҳон низ аз онҳо сабрро меомӯзад. Шумо амал кардед, пеш рафтед ва ба ин мартаба расидед. Худоро шукр барои ин неъмати бузург.»
4360389