Бино ба гузориши икно, ҳамзамон бо фаро расидани Тосуъо ва Ошурои Ҳусайнӣ ва ба пайравӣ аз сираи нуронӣ ва қуръонии ҳазрати Абӯабдуллоҳ ал-Ҳусайн (а) ва ёрони вафодораш, маросими маънавии хатми Қуръони Карим аз азони субҳи рӯзи Тосуо то азони субҳи рӯзи Ошуро дар Муассисаи ҷумҳуриявии «Маҳди Қуръон» баргузор шуд.
Ин маҳфили нуронӣ, ки аз суннатҳои қадимӣ ва арзишманди ҷомеаи қуръонӣ ба шумор меравад, то пеш аз паҳншавии бемории коронавирус ҳамасола дар рӯзи Тосуъо ва шаби Ошуро ба мизбонии устод Сайид Маҳдӣ Сайф, омӯзгори Қуръони Карим ва узви ҳайати илмии Муассисаи ҷумҳуриявии «Маҳди Қуръон», дар манзили ӯ баргузор мегардид. Имсол низ, монанди чанд соли охир, ин маросим бо ҳамкории Муассисаи ҷумҳуриявии «Маҳди Қуръон» дар китобхонаи ин маркази қуръонӣ баргузор шуд.
Ин суннати неку писандида аз ёдгориҳои марҳум Сайид Муҳаммадҳасан Сайф, яке аз пешгомон ва ходимони арсаи Қуръони Карим мебошад. Дар доираи ин суннат гурӯҳе аз устодон, қориён, ҳофизон ва дӯстдорони каломи ваҳй ба таври пайваста ва шабонарӯзӣ ба тиловати оятҳои илоҳӣ мепардозанд, то дар тӯли як шабонарӯз хатми комили Қуръони Карим анҷом ёфта, савоби он ба пешгоҳи ҳазрати Сайидушшуҳадо (а), шаҳидони саҳрои Карбало ва ёрони вафодори эшон эҳдо гардад.
Ин ойини маънавӣ намунае аз пайванди амиқи фарҳанги Ошуро бо маъорифи Қуръон мебошад; пайванде, ки дар он муҳаббат ба Аҳли байт (а) бо унс ва тадаббур дар каломи илоҳӣ дарҳам меомезад ва фазое саршор аз маънавият, ихлос ва иродат ба пешгоҳи Сарвар ва Солори шаҳидон – ҳазрати Имом Ҳусайн (а)-ро ба вуҷуд меорад.
4360291