Ба гузориши икно бо истинод ба Muslims Around the World, дар ҷомеаҳое, ки бо мушкилоти рӯзафзуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ибтикорҳои маҳаллӣ, вақте аз ниёзҳои мардум сарчашма мегиранд ва бар пояи арзишҳои динӣ ва фарҳангии онҳо шакл мегиранд, ба нерӯи пуриқтидортарини тағйир табдил меёбанд. Аҳамияти чунин ибтикорҳо замоне бештар мешавад, ки рушди иқтисодӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоиро дар як чорчӯба муттаҳид намуда, роҳҳалҳои амалӣ ва устувореро пешниҳод мекунанд, ки аз корҳои хайрияи суннатӣ фаротар мераванд.
Дар шимолу шарқи Кения, ки мусалмонон қисми зиёди аҳолии маҳаллиро ташкил медиҳанд, занон бо роҳандозии чунин ибтикор тавонистаанд кори ихтиёриро ба як лоиҳаи фарогири рушд табдил диҳанд. Ин тарҳ тавонмандсозии иқтисодии занон, хидмат ба Қуръони Карим ва таҳкими ҳамбастагии иҷтимоиро дар ҳам омехта, ба намунае арзандаи дастгирӣ ва пайравӣ мубаддал гардидааст.
Дастгирии расмӣ аз густариши тарҳ
Дар пойтахти Кения — Найробӣ, вазири тандурустии ин кишвар Аден Дуале роҳбарии маросими ҷамъоварии кумакҳои молиявиро барои дастгирии тарҳи «Дӯхтани оянда ва хидмат ба Китоби Худо» бар уҳда дошт. Ин тарҳи занона аз вилояти Мандера дар шимолу шарқи Кения, дар марзи Сомалӣ ва Эфиопия оғоз гардида, ҳадафи он пайвастани тавонмандсозии иқтисодӣ, хидмат ба Қуръони Карим ва фаъолияти иҷтимоӣ мебошад.
Ин дастгирӣ дар доираи талошҳо барои таҳкими тарҳҳои маҳаллӣ сурат гирифтааст, ки тавони худро дар пешниҳоди роҳҳалҳои амалӣ барои ниёзҳои ҷомеа тавассути лоиҳаҳои рушд бо таъсири устувори иқтисодӣ, динӣ ва башардӯстона исбот кардаанд.
Ин тарҳ барои духтарону занон курсҳои омӯзиши дӯзандагӣ баргузор мекунад ва ба онҳо имконият медиҳад, ки соҳиби манбаи даромади устувор гарданд. Ҳамчунин нусхаҳои осебдидаи Қуръони Каримро таъмир ё иваз намуда, барои фавтидагон кафан омода мекунад. Бо ин роҳ, тарҳ намунаи нодиреро пешниҳод менамояд, ки тавонмандсозии иқтисодӣ, хидмат ба Қуръони Карим ва ҳифзи каромати инсонро мутобиқ ба таълимоти исломӣ ба ҳам мепайвандад.
Вазири тандурустии Кения зимни ситоиши ин ибтикор таъкид кард, ки он ҳамзамон ба ниёзҳои маънавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа посух дода, арзишҳои исломиро тақвият мебахшад ва барои занон имкониятҳои нав фароҳам меорад, то дар рушди ҷомеаҳои худ саҳми фаъол дошта бошанд.
Ин ибтикор соли 2013 оғоз гардида, то имрӯз 155 узви фаъол-ро ба худ ҷалб кардааст.
Дар ҳоли ҳозир дар Кения тақрибан 6 миллион мусулмон зиндагӣ мекунанд, ки ҳудуди 11 фоизи аҳолии тақрибан 56-миллионнафарии ин кишварро ташкил медиҳанд.
4361287