Ба гузориши икно бо истинод ба хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ (SPA), маросими солонаи шустани Каъба рӯзи сешанбе, 9-уми тир, бо ҳузури муовини амири вилояти Макка баргузор гардид.
Ӯ пас аз ворид шудан ба Масҷидулҳарам, дохили Каъбаи муаззамаро бо оби Замзами омехта бо гулоб шуст ва бо порчае, ки бо ин маҳлул тар карда шуда буд, деворҳои дохилии Каъбаро пок намуд.
Маросими шустани Каъба бо ҳадафи поксозӣ, эҳтиром, нигоҳдорӣ ва ғамхорӣ нисбат ба Хонаи Каъба аз замони подшоҳ Абдулазиз Оли Сауд то имрӯз ҳамчун як суннати доимӣ ва устувор идома дорад.
Идораи кулли расидагӣ ба корҳои Масҷидулҳарам ва Масҷиди Набавӣ эълом кард, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳои техникӣ, хизматрасонӣ ва захираҳои инсонӣ, инчунин бо дастгирии кормандони фаннӣ ва муҳандисӣ барои омода кардани зинапояи махсуси Каъба, ин маросимро баргузор кардааст.
Ин ниҳод афзуд, ки омодагиҳо бо истифода аз 15 литр оби Замзам, 15 литр гулоб, 15 литр равғани гули садбарг ва 100 миллилитр равғани уди хушсифат оғоз шуда, сипас раванди шустани Каъбаи муаззама тибқи расму ойини маъмули ин маросими солона анҷом дода шуд.
Қобили зикр аст, ки маросими шустани Каъба нахуст бо рӯбучини фарши дохили Каъба аз чангу ғубор ва дигар олудагиҳо оғоз мегардад. Пас аз он зарфҳои мисинеро меоранд, ки дар онҳо оби Замзам бо атри гули садбарг, равғани хушбӯй ва уди аълосифат омехта шудааст. Порчаҳои матоъро ба ин маҳлул тар карда, бо онҳо деворҳои дохилии Каъба пок карда мешаванд. Баъдан се сутуни дохили Каъба ва фарши он шуста ва хушк карда мешаванд. Дар поён, деворҳо бо истифода аз таҷҳизоти муосир хушбӯй гардонида мешаванд, то тамоми дохили Каъбаи муаззама пок ва муаттар шавад.
Бояд гуфт, ки ойини «Ғусли Каъба», ки ба маънои шустан ва хушбӯй кардани Хонаи Худо аст, аз маросими солонаи иваз намудани кисва (парда)-и Каъба, ки ҳар сол дар оғози соли нави ҳиҷрии қамарӣ баргузор мешавад, фарқ дорад.
4361250