Ба иттилои икно, расонаҳои ироқӣ субҳи имрӯз, рӯзи чоршанбе, бо нашри ин хабар афзуданд, ки гурӯҳҳои зиёди мардуми Ироқ барои ширкат дар маросими ташйеи ҷанозаи раҳбари шаҳиди инқилоб ва аъзои шаҳиди хонаводаи ӯ ҳамоно ба сурати пайдарпай ва аз гӯшаву канори гуногуни кишвар ба сӯи шаҳри муқаддаси Наҷафи Ашраф ҳаракат доранд.
Ҷанозаи мутаҳҳари раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ пас аз се рӯзи баргузории маросимҳои видоъ ва ташйеъ дар Теҳрон ва як рӯзи ташйеъ дар Қум, шаби сешанбе вориди Наҷафи Ашраф шуд ва бо истиқболи густурдаву пуршӯри мардум ва зоирони ироқӣ ба маҳалли пешбинишуда интиқол дода шуд.
Ҳамзамон бо вуруди ҷанозаи мутаҳҳар ба фурудгоҳи Наҷафи Ашраф, ҳазорон нафар аз сокинон ва зоирони ироқӣ дар он ҷо ҳузур ёфта, аз он истиқбол карданд.
Ҳозирон бо сар додани шиорҳои мазҳабӣ ва изҳори эҳсосот, ҷанозаи мутаҳҳарро бар дӯш гирифта, то маҳалли баргузории маросим ҳамроҳӣ карданд.
4362843