IQNA

Тавофи ҷанозаи раҳбари шаҳиди инқилоб дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Амирулмӯъминин (а) + акс ва видео

11:14 - July 09, 2026
рақами хабар: 4804
Ҷанозаҳои раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ ва аъзои шаҳиди хонаводаи ӯ ба оромгоҳи муқаддаси ҳазрати Алӣ (а) расонида шуданд. Дар маросими бошукӯҳ ва андӯҳбор, мардумони Ироқ ҷанозаҳоро бар дӯш гирифта, онҳоро гирди зариҳи мутаҳҳар тавоф доданд ва бар онҳо намози майит хонда шуд.

Ба иттилои икно, расонаҳои ироқӣ субҳи имрӯз, рӯзи чоршанбе, бо нашри ин хабар афзуданд, ки гурӯҳҳои зиёди мардуми Ироқ барои ширкат дар маросими ташйеи ҷанозаи раҳбари шаҳиди инқилоб ва аъзои шаҳиди хонаводаи ӯ ҳамоно ба сурати пайдарпай ва аз гӯшаву канори гуногуни кишвар ба сӯи шаҳри муқаддаси Наҷафи Ашраф ҳаракат доранд.

Ҷанозаи мутаҳҳари раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ пас аз се рӯзи баргузории маросимҳои видоъ ва ташйеъ дар Теҳрон ва як рӯзи ташйеъ дар Қум, шаби сешанбе вориди Наҷафи Ашраф шуд ва бо истиқболи густурдаву пуршӯри мардум ва зоирони ироқӣ ба маҳалли пешбинишуда интиқол дода шуд.

Ҳамзамон бо вуруди ҷанозаи мутаҳҳар ба фурудгоҳи Наҷафи Ашраф, ҳазорон нафар аз сокинон ва зоирони ироқӣ дар он ҷо ҳузур ёфта, аз он истиқбол карданд.

Ҳозирон бо сар додани шиорҳои мазҳабӣ ва изҳори эҳсосот, ҷанозаи мутаҳҳарро бар дӯш гирифта, то маҳалли баргузории маросим ҳамроҳӣ карданд.

تعداد بازدید : 9
код
 

4362843

captcha