IQNA

Туҳфаи 25 ҳазор нусха Қуръон ба Масҷиди бузурги Париж

20:49 - July 11, 2026
рақами хабар: 4811
Вазири фарҳанг ва санъати Алҷазоир аз эҳдои 25 ҳазор нусхаи Қуръони Карим аз ҷониби ин кишвар ба Масҷиди бузурги Париж хабар дод.

Ба гузориши икно ба нақл аз akhbardzair, Малика Бен Дуда, вазири фарҳанг ва санъати Алҷазоир, рӯзи ҷумъа дар баёнияе, ки дар саҳифаи расмии худ мунташир кард, аз эҳдои 25 ҳазор нусхаи Қуръони Карим ба Масҷиди бузурги Париж хабар дод.

Ин иқдом бо ҳадафи таъмини ниёзҳои ақаллияти алҷазоирӣ ва дигар мусулмонони муқими Фаронса анҷом шудааст. Ҳамчунин барои ҷомеаҳои алҷазоирии муқими дигар кишварҳои ғарбӣ низ барномаҳои монанд дар назар гирифта шудаанд.

Дар ҳамин замина, вазири фарҳанг ва санъати Алҷазоир аз раисиҷумҳури кишвар, Абдулмаҷид Таббун, барои таъкидаш бар чопи солонаи Қуръони Карим қадрдонӣ намуда, аз интихоб шудани Муассисаи миллии санъати чоп (ENAG) барои иҷрои ин масъулият изҳори хушнудӣ кард.

Малика Бен Дуда инчунин аз талошҳои кормандони Муассисаи миллии санъати чоп, ки солҳои зиёд дар баробари чопи рӯзномаҳои Алҷазоир барои рушди раванди чопи Қуръони Карим, махсусан бо ривояти Варш, фаъолият кардаанд, қадрдонӣ намуд. Ӯ садоқати онҳоро дар истеҳсоли нусхаҳои Қуръони Карим бо намуди зебо ва сифати рақобатпазир ситоиш кард.

Вай афзуд:

«Пеш аз ҳама, мо бояд аз кормандон ва мутахассисони Муассисаи миллии санъати чоп ифтихор кунем; касоне, ки солҳои зиёд барои баланд бардоштани сифати чопи Қуръони Карим бо ривояти Варш ва дар қолаби "Мусҳафи Алҷазоир" талош кардаанд.»

Вазири фарҳанг ва санъати Алҷазоир дар поён бар уҳдадории ин муассиса ҷиҳати қонеъ намудани дархостҳо барои чопҳои нафису босифат, бахусус дар заминаи чопи Қуръони Карим, таъкид кард.

4363341

captcha