IQNA

Даргузашти ногаҳонии «Линдси Грэм», сенатори ҷонибдори режими саҳюнистӣ

14:21 - July 13, 2026
рақами хабар: 4817
Расонаҳои амрикоӣ аз даргузашти Линдси Грэм, сенатори маъруфи Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва ҷонибдори режими саҳюнистӣ, ки ба далели мавқеъҳои тунди худ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон шинохта мешуд, хабар доданд.

Ба гузориши икно бо истинод ба Bloomberg, расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки Линдси Грэм, сенатори собиқадори ҷумҳурихоҳ, ки яке аз шинохтатарин чеҳраҳои зиддиэронӣ дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида ба ҳисоб мерафт ва ҳамеша аз сиёсатҳои сахтгирона алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷонибдорӣ мекард, даргузаштааст.

Дафтари Линдси Грэм дар як изҳороти кӯтоҳ, ки ба таври онлайн нашр шуд, эълон кард, ки шоми рӯзи гузашта, 11 июл, ин сенатори амрикоӣ пас аз як бемории кӯтоҳ ва ногаҳонӣ аз олам чашм пӯшид.

То кунун ҷузъиёти бештари сабаби марги ӯ нашр нашудааст.

«Амихай Стейн», хабарнигори шабакаи саҳюнистии i24, дар вокуниш ба марги ин сенатори ҷумҳурихоҳ ва ҷонибдори ҷанг навишт:

«Сенатор Линдси Грэм, аз ҳомиёни Исроил ва яке аз бузургтарин дӯстдорони Исроил дар Сенат, даргузашт.»

Линдси Грэм ки буд?

Ӯ ба далели ҷонибдорӣ аз таҳкими равобити Вашингтон ва Тел-Авив маъруф буд ва яке аз барҷастатарин ҳомиёни сиёсатҳои президенти ИМА Доналд Трамп дар қиболи режими саҳюнистӣ ба шумор мерафт. Аз ҷумла, ӯ аз интиқоли сафорати ИМА ба Қудс ва ба расмият шинохтани ҳокимияти режими ишғолгар бар Баландиҳои Ҷулон ҳимоят мекард.

Линдси Грэм ҳамчунин аз ҷонибдорони сарсахти мудохилаҳои низомии Иёлоти Муттаҳида дар хориҷ аз ин кишвар буд ва аз ҷумлаи сиёсатмадороне маҳсуб мешуд, ки дар ҷараёни ҷангҳои дохилии Ироқ ва Сурия, густариши ҳузури низомии Амрикоро дар ин ду кишвар талаб мекард.

Грэм яке аз ҳомиёни пурнуфузи режими саҳюнистӣ дар Конгресси ИМА буд ва пас аз амалиёти «Тӯфони Ал-Ақсо» борҳо хостори фиристодани силоҳи бештар ба Исроил дар ҷараёни ҷанги Ғазза шудааст.

Ӯ инчунин борҳо пешниҳод карда буд, ки агар Эрон сатҳи ғанисозии ураниумро афзоиш диҳад, Иёлоти Муттаҳида бояд таъсисоти нафтӣ ва корхонаҳои коркарди нафти Эронро бомбаборон кунад, то иқтисоди ин кишвар фалаҷ гардад.

4363562

captcha