IQNA

«Муҳаммад» маҳбубтарин номи писарон дар Англия шуд

13:47 - July 14, 2026
рақами хабар: 4826
Номи «Муҳаммад» барои сеюмин сол пай дар пай маҳбубтарин номи писарбачаҳо дар Англия ва Уэлс эълон гардид.

Ба гузориши икно бо истинод ба рӯзномаи *The Guardian*, номи «Муҳаммад» барои сеюмин соли пайдарпай дар садри рӯйхати маъруфтарин номҳои писарона дар Англия ва Уэлс қарор гирифта, мавқеи худро ҳамчун маҳбубтарин номи навзодони писар устувор кардааст.

Дар соли 2025, ин ном барои тақрибан 600 ҳазор? (ислоҳ: 6000) навзод интихоб шудааст, ки тақрибан 2000 маврид бештар аз номи «Ноаҳ» (Noah) дувумин номи машҳур мебошад. Ин ду ном аз соли 2023 то имрӯз дар ҷойҳои аввал ва дувум қарор доранд. Пеш аз ин, фарқи шумораи онҳо 1580 мавридро ташкил медод.

Имсол номҳои Лео ва Лука бо пеш гузаштан аз Артур, Оливер ва Ҷорҷ, мутаносибан ба ҷойҳои сеюм ва чаҳорум баромаданд.

Дар байни духтарон, номи Оливия ҳамоно маҳбубтарин ном боқӣ мондааст. Пас аз он номҳои Лили, Амелия, Айла (Isla) ва Флоренс ҷой гирифтаанд.

Номи Муҳаммад аз соли 2016 инҷониб ҳамеша дар байни 10 номи машҳури писарона қарор дорад ва аз соли 1997, ки бори аввал ба рӯйхати 100 номи беҳтарин ворид шуд, пайваста дар ин феҳрист ҳузур доштааст.

Ҳамчунин, се шакли гуногуни навишти ин ном ҳанӯз дар соли 1954 низ дар байни 100 номи беҳтарин ҷой доштанд. Шакли навишти «Муҳаммад» бошад, бори аввал соли 1924 бо мақоми 91-ум ба рӯйхати 100 номи маъруфи писарона дар Англия ва Уэлс ворид гардида буд.

Гуногунии тарзи навишти ин ном аз тарҷумаҳои мухталифи номи «Муҳаммад» аз забони арабӣ ба алифбоҳо ва лаҳҷаҳои гуногун сарчашма мегирад. Идораи миллии омори Британия (ONS) низ таъкид кардааст, ки бисёре аз дигар номҳои даҳгонаи беҳтарини писарона ва духтарона низ решаи ғайрибритониёӣ доранд; аз ҷумла Фрейя (скандинавӣ), Лео, Лука ва Изабелла (итолиёвӣ) ва Ноаҳ (ибронӣ).

Пештар низ гуфта шуда буд, ки пешсаф шудани номи Муҳаммад ба омилҳои гуногун, аз ҷумла афзоиши шумораи ҷомеаи мусулмонони Британия вобаста аст. Ҷамъияти мусулмонони Британия ҳоло тақрибан 4 миллион нафар, ё ҳудуди 6 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳад.

Ин ном ҳамоно дар миёни мусулмонон, бахусус онҳое, ки дар Британия зиндагӣ мекунанд ва мехоҳанд мероси фарҳангӣ ва динии худро ҳифз намоянд, аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор аст. Дар айни замон, гуногунрангии номҳои интихобшаванда барои навзодони писар дар Британия низ рӯ ба афзоиш мебошад.

4363640

captcha