IQNA

Изҳори нигаронии Нозироти Ал-Азҳар аз афзоиши исломситезӣ дар ҷараёни баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ

11:50 - July 25, 2026
рақами хабар: 4866
Нозироти мубориза бо ифротгароии Ал-Азҳар аз афзоиши паҳншавии нафрат ва исломситезӣ дар ҷараёни баргузории мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2026 изҳори нигаронӣ кард.

Ба гузориши икно, ба нақл аз хабаргузории Ан-Набаъ, Нозироти мубориза бо ифротгароии Ал-Азҳар нисбат ба афзоиши суханони табъизомез ва нажодпарастона, ки бо рӯйдодҳои бузурги варзишӣ алоқаманданд, ҳушдор дода, таъкид намуд, ки сӯиистифода аз фазои маҷозӣ барои густариши нафрат ва таҳрик алайҳи дигарон арзишҳои ҳамзистӣ ва гуногунандеширо дар ҷомеаҳо таҳдид мекунад ва варзишро аз василаи наздиксозии мардум ба абзоре барои доман задани ихтилофҳо табдил медиҳад.

Ин ниҳод дар гузориши худ таъкид кардааст, ки мубориза бо чунин падида танҳо бо талошҳои ҳамоҳангшудаи давлатҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои ҷомеа имконпазир аст. Ба гуфтаи гузориш, бояд гуфтугӯи масъулона ва созанда ташаккул ёбад, то аз истифодаи рӯйдодҳои варзишӣ барои густариши нафрат ва табъиз бар асоси нажод ё дин пешгирӣ карда шавад.

Дар ин гузориш инчунин ба натиҷаҳои таҳқиқоти Нозироти мубориза бо нажодпарастӣ ва бегонаситезии Испания, ки таҳти назорати Вазорати амнияти иҷтимоӣ ва муҳоҷират фаъолият мекунад, ишора шудааст. Тибқи ин таҳқиқот, ҳамзамон бо баргузории Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 дар шабакаҳои иҷтимоӣ афзоиши чашмгири нафратпароканӣ ва исломситезӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки танҳо дар моҳи июн беш аз 40 ҳазор мавриди паҳн намудани муҳтавои нафратангез дар фазои маҷозӣ ошкор шудааст. Рӯйдодҳои варзишӣ бо 16 дарсад пас аз масъалаҳои марбут ба ноамнӣ, ки бо 69 дарсад дар ҷойи аввал қарор доранд, дувумин омили асосии интишори чунин муҳтаво будааст.

Ҳамчунин маълум шудааст, ки афроди дорои асли шимоли Африқо бо 88 дарсад аз тамоми муҳтавои мавриди мониторинг, бештар аз ҳама ҳадафи ҳамлаҳои нафратангез қарор гирифтаанд. Пас аз онҳо, паёмҳои зидди мусулмонон бо 11 дарсад ва муҳтавои таҳқиромез нисбат ба афроди дорои асли африқоӣ бо 7 дарсад ҷой гирифтаанд.

Ин гузориш инчунин аз шиддат гирифтани суханони нажодпарастона хабар медиҳад. Бар асоси он, 48 дарсади паёмҳо дорои забони таҳқиромез ва ғайриинсонӣ будаанд, 32 дарсад гурӯҳҳои мавриди ҳадафро ҳамчун таҳдид барои ҷомеа муаррифӣ кардаанд ва 10 дарсад ошкоро ихроҷи хориҷиёнро талаб намудаанд.

Дар бораи вокуниши шабакаҳои иҷтимоӣ низ гузориш нишон медиҳад, ки 61 дарсади муҳтавои гузоришшуда ҳазф гардидааст. Дар ин миён, TikTok бо 98 дарсад беҳтарин вокунишро нишон додааст. Пас аз он X (собиқ Twitter) бо 93 дарсад, Facebook бо 62 дарсад ва Instagram бо 32 дарсад қарор гирифтаанд. YouTube бошад, танҳо бо 8 дарсад камтарин сатҳи вокунишро сабт кардааст.

Нозироти мубориза бо ифротгароии Ал-Азҳар дар поёни гузориш таъкид кардааст, ки мубориза бо нафратпароканӣ дар фазои маҷозӣ тақозо мекунад, ки механизмҳои назорат ва гузоришдиҳӣ такмил дода шаванд, ҳамкории байналмилалӣ тақвият ёбад ва сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва динӣ баланд бардошта шавад. Ба ин тартиб, рӯҳияи варзишгарӣ ҳифз гардида, арзишҳои ҳамзистии осоишта миёни мардум таҳким меёбанд.

4365595

captcha