IQNA

Пизишкиён дар нишасти муштараки ҳайатҳои олирутбаи Эрон ва Ироқ:

Маросими Арбаини Ҳусайнӣ ҷилваи беназири умқи пайвандҳои эътиқодии ду миллати Эрону Ироқ

11:51 - July 25, 2026
рақами хабар: 4867
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти муштараки ҳайатҳои олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ироқ бо ишора ба умқи пайвандҳои фарҳангӣ ва эътиқодии ду миллат, маросими бузурги Арбаини Ҳусайниро ҷилваи беназири ин робитаҳо тавсиф намуда, гуфт, ки меҳмоннавозии саховатмандонаи мардум ва давлати Ироқ аз миллионҳо зоири эронӣ, саҳнаҳои камназири ҳамдилӣ, бародарӣ ва ҳамбастагиро офаридааст, ки барои ҷаҳониён ҳайратангез ва шоистаи қадрдонист.

Ба гузориши икно, ба нақл аз пойгоҳи иттилоотии Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, Масъуд Пизишкиён дар ин нишасти муштарак бо изҳори хушнудӣ аз меҳмоннавозии нахуствазири Ироқ ва ҳайати олирутбаи он кишвар, бар иродаи ду давлат барои густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳо таъкид карда, гуфт:

«Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳони он аст, ки муносибатҳои Теҳрон ва Бағдод бо такя ба пешинаи таърихӣ, фарҳангӣ ва динии ду миллат дар ҳамаи бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, амниятӣ ва зерсохтӣ ба баландтарин сатҳи имконпазир расонида шавад.»

Раисиҷумҳур бо ишора ба умқи пайвандҳои фарҳангӣ ва эътиқодии ду миллат, маросими бошукӯҳи Арбаини Ҳусайниро ҷилваи беназири ин робитаҳо донист ва афзуд:

«Меҳмоннавозии каримонаи мардум ва давлати Ироқ аз миллионҳо зоири эронӣ, саҳнаҳои нодири ҳамдилӣ, бародарӣ ва ҳамбастагиро ба вуҷуд овардааст, ки барои ҷаҳониён ҳайратовар ва шоистаи сипосгузорист.»

Пизишкиён ҳамчунин бо ишора ба ҳузури густурда ва бошукӯҳи мардуми Ироқ дар маросими ташйеи пайкари раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ, ин ҳузурро нишонаи умқи муносибатҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва динии ду миллат арзёбӣ намуда, изҳор дошт:

«Чунин саҳнаҳо нишон медиҳанд, ки миёни миллатҳои Эрон ва Ироқ пайвандҳои амиқ ва решадоре вуҷуд дорад, ки фаротар аз муносибатҳои сиёсӣ, онҳоро бо ҳам мепайвандад.»

Нахуствазири Ироқ низ бо ишора ба нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мубориза бо терроризм гуфт:

«Мардуми Ироқ ҳеҷ гоҳ ҳимоятҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро дар мубориза бо гурӯҳи террористии ДОИШ фаромӯш нахоҳанд кард. Ин ҳимоят танҳо дар сатҳи мавқеъгириҳои сиёсӣ набуд, балки ба таври амалӣ ва дар канори мардуми Ироқ барои решакан кардани терроризм анҷом гирифт.»

4365756

captcha