ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳаводиси таассуфбори Ғаззаро намунаи ошкор аз зулму таҷовузи ҷабҳаи истикбор ба соҳибони як сарзамин ва куштори бераҳмона ва сангдилонаи зану кӯдак ва нобуд кардани дороиҳо ва манобеи мардуми он сарзамин дониста гуфт: Мухолифати Ҷумҳурии Исломӣ дар воқеъ мухолифат бо чунин зулмҳо ва ҷиноятҳоест, ки бо вуҷуди он ки назди ҳар ақлу урфу шаръ ва виҷдони башарӣ маҳкум аст, мавриди ҳимояти Амрико ва Англис ва бархе кишварҳои аврупоист.
рақами хабар: 1178 Санаи нашр : 2024/03/07
ИКНА - Мусобиқаи тавлиди мӯҳтаво дар фазои маҷозии Қирғизистон таҳти унвони «Зани мусулмон» бо меҳварияти пӯшиши Зани мусулмон ва ифоф ва ҳиҷоб тайи маросиме, баргузидагони худро шинохт.
рақами хабар: 1168 Санаи нашр : 2024/03/05
ИКНА - Ҳузури пуршӯри мардуми Эрон дар давоздаҳумин давраи интихоботи маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давраи маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ, ки аз субҳи имрӯз, оғоз шуда, бозтоби густурдае дар шабакаҳои хабарӣ ва вебсайтҳои минтақа ва бархе расонаҳои ҷаҳон доштааст.
рақами хабар: 1148 Санаи нашр : 2024/03/01
Қориёни барҷастаи ҷаҳони Ислом тиловат карданд
ИКНА - Ҳазрати Алӣ (а) фармуд: Мустазъафони ёдшуда дар Қуръон, ки Худованд ирода фармудааст ононро пешвои мардуми рӯи замин қарор диҳад, мо хонадони Паёмбарем. Худованд саранҷом «Маҳдии» ин хонаводаро бар меангезонад ва ба василаи ӯ, ононро ба авҷи шукӯҳ, иззат ва иқтидор мерасоанд ва душманонашро ба сахтӣ, ба зиллат мекашад.» Биҳорул-анвор, ҷ 51, саҳ 63.
рақами хабар: 1131 Санаи нашр : 2024/02/26
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ: Худованди Мутаол ҳамаи миллатҳои мусулмонро ба далели ин ки ба давлатҳои худ барои қатъи пуштибонӣ аз режими саҳюнистӣ фишор наёварданд ва ҳамчунин давлатҳои исломиро ба далели амал накардан ба дастуроти қуръонӣ мавриди суол ва муохиза қарор хоҳад дод.
рақами хабар: 1122 Санаи нашр : 2024/02/23
ИКНА - Шайх Хайриддин Алӣ Ал-Ҳодӣ гуфт: мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон нишондиҳандаи рушди наҳзати ниҳодина шудаи қуръонӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ аст; Ин рақобатҳо бо бисёре мусобиқоти дигар мутафовит аст, зеро пазироӣ ҳамаи кишварҳо аз нуқоти мухталифи ҷаҳон аст.
рақами хабар: 1107 Санаи нашр : 2024/02/19
Аввалин рӯз аз рақобатҳои чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иҷрои 13 ширкаткунанда дар ду гурӯҳи донишомӯзӣ ва бузургсолон имрӯз 16 феврал баргузор шуд.
рақами хабар: 1089 Санаи нашр : 2024/02/16
ИКНА - Остони муқаддаси Аббосӣ бо баргузории маросиме ба муносибати солрузи идҳои шаъбония, ҷашнҳои мелоди имом Ҳусайн (Аалайҳиссалом), ҳазрати Абалфазлил Аббос (Аалайҳиссалом) ва имоми Саҷҷод (Аалайҳиссалом)-ро гиромӣ доштааст.
рақами хабар: 1088 Санаи нашр : 2024/02/16
ИКНА - Муовини парваришӣ ва фарҳангии вазорати Омӯзиш ва парвариш дар ташреҳи ҷузъиёти ҳаштумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими донишомӯзони ҷаҳони Ислом гуфт: 30 донишомӯз аз 15 кишвар Афғонистон, Индонезия, Уганда, Бангладеш, Покистон, Туркия, Тунис, Сенегал, Ироқ, Уммон, Гамбия, Малайзия, Нигерия ва Зеландияи дар ин мусобиқот ширкат мекунанд.
рақами хабар: 1085 Санаи нашр : 2024/02/14
ИКНА - Раиси ситоди баргузории мусобиқоти байналмилалии қуръонии Эрон бо ишора ба баргузории ин рақобатҳо дар мароҳили ғерболгарӣ, муқаддамотӣ, ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ гуфт: дар ибтидои амр 110 кишвар намояндагони худро барои ҳузур дар ин рӯйдод муаррифӣ карданд ва дар ниҳоят 99 нафар аз 44 кишвар ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтанд. Ин теъдод шомили ширкаткунандагони бахши бузургсолон ва донишомӯзон аст.
рақами хабар: 1084 Санаи нашр : 2024/02/14
Маросими шукӯҳманди рӯзи миллӣ ва ҷашни 45 солагии Инқилоби Исломии Эрон бо ҳузури мақомоти саудӣ ва эронӣ аз вазорати хориҷа ва шуморе аз масъулони давлатӣ, фарҳангӣ ва расонаӣ Эрон ва Арабистон, суфаро ва дипломатҳои муқими ин кишвар дар Риёз баргузор шуд.
рақами хабар: 1076 Санаи нашр : 2024/02/12
ИКНА - Ҳузури пуршӯри мардуми инқилобии Эрони Исломӣ дар роҳпаймоӣ 22 баҳман дар расонаҳои хориҷӣ бозтоби чашмгире дошт ва беш аз 7300 хабарнигори эронӣ ва хориҷӣ машғули пӯшиши ин рӯйдод буданд.
рақами хабар: 1073 Санаи нашр : 2024/02/12
ИКНА - Раисҷумҳури Эрон: Пешниҳоди мо ихроҷи режими саҳюнистӣ аз Созмони Милали Муттаҳид аст; режиме, ки 400 баёния, созишнома ва мусаввабаи СММ-ро токунун нақз карда, чигуна метавонад ба паймонҳову мусавваботи Созмони Милал пойбанд бошад?
рақами хабар: 1067 Санаи нашр : 2024/02/11
ИКНА - Имрӯз якшанбе 11 феврал ҳамзамон бо ҷашни пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, мақомҳои кишварҳои мухталиф дар бораи ин муносибат паём содир кардаанд.
рақами хабар: 1066 Санаи нашр : 2024/02/11
ИКНА - Дар рӯзи 22 баҳман 1357,(11-уми феврали 1979) Инқилоби Исломии мардуми Эрон ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (раҳ) ба нуқтаи атфи худ расид ва саранҷом муборизоти мардуми мусалмони Эрон ба бор нишаст.
рақами хабар: 1065 Санаи нашр : 2024/02/11
ИКНА - Идораи бозсозӣ ва мариммати осори фарҳангии Созмони китобхонаҳо, музҳҳо ва маркази асноди Остони Қудси Разавӣ бо ҳадафи ҳифзи мероси фарҳангии исломӣ, тибқи асноди мавҷуд бо қидмати наздик ба понсад сол ва дар замони Сафавия таъсис шудааст. Ин марказ тахассуситарин идораи бозсозӣ ва мариммат дар шарқи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки бо асидзудоӣ санад ва китоб, истеҳкоми бахше аснод ва нусахи хаттӣ, саҳҳофии манобеии чопӣ, офатзудоӣ, сампошӣ ва мариммати аксҳои қадимӣ дар ҷиҳати ҳифзи осор ва ашёъи таърихӣ ва ҳунарӣ фаолият мекунад.
рақами хабар: 1064 Санаи нашр : 2024/02/11
ИКНА - Ҷузъиёти чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон сешанбе тайи нишасти хабарӣ бо ҳузури хабарнигорон ташреҳ мешавад.
рақами хабар: 1058 Санаи нашр : 2024/02/09
Тиловати оёти 36 то 45 сураи муборакаи Ҳудро бо садои Маҳдии Ғуломнажод, қории байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон мешнавед.
рақами хабар: 1055 Санаи нашр : 2024/02/09
ИКНА - Ҷаласаи омӯзиши Қуръони Карими Ҷаводи Паноҳӣ, мударрис ва қории Қуръони байналмилалии кишвари Эрон дар яке аз зӯрхонаҳои шаҳри Машҳад ва бо ҳузури пуршӯри алоқамандон ба каломи ваҳй баргузор шуд.
рақами хабар: 1048 Санаи нашр : 2024/02/06
ИКНА - Мудири доимии намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим, далоили интихоби бозаи замонии якум то 2 апрел ба унвони замони барпоӣ сӣвуякумин намоишгоҳи байналмилалии Қуръонро баён кард.
рақами хабар: 1041 Санаи нашр : 2024/02/05