IQNA

Роҳпаймоӣ 22 баҳман ба ривояти расонаҳои хориҷӣ

19:13 - February 12, 2024
рақами хабар: 1073
ИКНА - Ҳузури пуршӯри мардуми инқилобии Эрони Исломӣ дар роҳпаймоӣ 22 баҳман дар расонаҳои хориҷӣ бозтоби чашмгире дошт ва беш аз 7300 хабарнигори эронӣ ва хориҷӣ машғули пӯшиши ин рӯйдод буданд.

Роҳпаймоӣ мардуми Эрон дар чиҳилу панҷумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ ва  суханронии "Сайид Иброҳими Раисӣ" раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хабаргузориҳои “AFP“ , “Рейтерс“ , “Ассошиетед Пресс“, “Алҷазира Мубашер“, хабаргузориҳои Русия, Чин ва дигар расонаҳои дунё бозтоби васеъе дошт. Хабаргузории фаронсавии AFP, дар дақоиқи аввалияи шурӯъи маросими солгарди Инқилоби Исломии Эрон дар Теҳрон бо пахши тасовири зинда аз Теҳрон, ҳаракати мардум дар хиёбонҳои мухталиф ба самти майдони Озодиро бозтоб дод.

Хабаргузории Рейтерс ҳам гузориш дод, дар чиҳилу панҷумин солгарди Инқилоби Исломӣ, садҳо ҳазор эронӣ дар саросарии Эрон роҳпаймоӣ карда ва дар буҳбуҳаи ҷанги режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза, шиори “Марг бар Исроил“ ва “Марг бар Амрико“ сар доданд.

Дар гузориши Рейтерс омадааст, «Сайид Иброҳими Раисӣ» раиси Ҷумҳурии Эрон, Амрико ва бархе кишварҳои ғарбиро ҳомии “ҷиноёти зидди башарияти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза“ муаррифӣ кардааст.

Ассошиатед Пресс ҳам бо интишори мақолае солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эронро бозтоб дод ва навишт, дар Теҳрон, гурӯҳи  азими ҷамъият бо дар даст доштани парчаму пулокордҳое ки рӯи онҳо шиорҳои “Марг бар Амрико“ ва “Марг бар Исроил“ навишта шуда буд, шиор сар дода ва дар бархе нуқоти масирҳои роҳпаймои парчамҳои Амрико ва  Исроилро ба оташ кашиданд.

Пойгоҳи интерентии Вашингтон Пост ҳам гузориш дод, гиромидошти чиҳилу  панҷумин солгарди Инқилоби Исломии Эрон дар ҳоле баргузор шуд, ки танишҳо ба далели ҷанг дар борикаи Ғазза ва  ҷиноёти режими саҳюнистӣ манотиқи густардае аз ғарби Осиёро фарогирифтааст.

Рӯзномаи Таймз Оф Исроил ҳам навишт Эрон дар ҳоле чиҳилу панҷумин солгарди Инқилоби исломиро ҷашн мегирад, ки таниш дар ғарби Осиё ба далели ҷанг дар борикаи Ғазза рӯзҳои сарнавиштсозиро сипарӣ мекунад .

Ин рӯзномаи чопи Исроил менависад ҳазорон эронӣ дар хиёбонҳо ва  майдонҳои  аслии шаҳрҳои тазйин шуда бо парчам , банер ва  бодкунак роҳпаймоӣ карданд.

Шабакаҳои телевизионии арабӣ монанди Алҷазира, Алҷазира Мубашер, Алмаёдин, Алминор, Алмасираҳ ва  Алқудс ҳам барномаҳои одии худро қатъ карда ва  суханронии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эронро пахш карданд.

Шабакаи телевизионии Алнаҷбоъи ироқӣ тасовире аз роҳпаймои явмуллоҳи 22 баҳман ва  ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин роҳпаймоиро пахш кард. 

Шабакаи телевизионии Алетеҷаҳ, ҳам роҳпаймоии мардуми Теҳрон ба муносибати солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ ва  суханронии раиси Ҷумҳурии Эронро ба таври мустақим пӯшиш дод.

Канали Телеграмии шабакаи Алаҳад низ тасовире аз тазоҳуроти миллионӣ дар устонҳои ҷанӯбии Эронро дар солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон мунташир кард.

Шабакаи телевизионии Алмаёдин бо қатъи барномаҳои одии худ гузорише аз ҳузури мардуми Эрон дар майдони Озодӣ барои роҳпаймои ҷашни бисту дувуми баҳман пахш кард.

https://iqna.ir/fa/news/4199311

captcha