IQNA

Қориёни барҷастаи ҷаҳони Ислом тиловат карданд

Ояҳои навидбахш дар асри интизор + филм

15:23 - February 26, 2024
рақами хабар: 1131
ИКНА - Ҳазрати Алӣ (а) фармуд: Мустазъафони ёдшуда дар Қуръон, ки Худованд ирода фармудааст ононро пешвои мардуми рӯи замин қарор диҳад, мо хонадони Паёмбарем. Худованд саранҷом «Маҳдии» ин хонаводаро бар меангезонад ва ба василаи ӯ, ононро ба авҷи шукӯҳ, иззат ва иқтидор мерасоанд ва душманонашро ба сахтӣ, ба зиллат мекашад.» Биҳорул-анвор, ҷ 51, саҳ 63.

 

Ба гузориши ИКНА ҳамзамон бо баргузории чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон ва ҳузури доварон ва қориёни барҷаста аз ҷаҳони Ислом дар ин рақобатҳо ва дар остонаи солрӯзи мелоди мунҷии олами башарият, ҳазрати Маҳдии мавъуд (а) дар нимаи моҳи Шаъбон, хабаргузории ИКНА дар пӯиши «оятҳои навидбахш дар асри интизор» аз ҷамъе ширкаткунандагони хориҷии ҳозир дар бузургтарин рӯйдоди қуръонии кишвари Эрон тиловати ду ояти шарифаи 5 сураи муборакаи Қасас ва 105 сураи муборакаи Анбиёро хостор шуд.

Ин пӯйиш раҳоварде аст аз рисолати хабаргузории байналмилалии Қуръон дар ростои талош барои таҳаққуқи фарҳанги Қуръон дар Эрони исломӣ ва саросари ҷаҳон ва маҳҷуриятзудоӣ аз маорифи қуръонӣ дар арсаҳои мухталиф.

Умед аст бо мушоҳидаи ин видео ва истимои оёти нурие, ки навидбахши фармонравоии мустазъафон бар замин ва замон аст, бо дуои фараҷ саҳими ҳарчанд кӯчак дар заминасозӣ барои таъҷил дар зуҳури имоми Аср (арвоҳуно фидо) дошта бошем.

Видеои тиловати асотиди қории ҳозир дар кумитаи доварии чиҳилумин мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон:

Видеои тиловати қориёни мумтози ҳозир дар чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон:

код
код

Оёти тиловатшуда дар ин видео иборатанд аз:

Ояти 5 сураи муборакаи Қасас

وَنُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ

Ва хостем бар касоне, ки дар он сарзамин фурӯ даст‏ шуда буданд миннат ниҳем ва ононро пешвоёни [мардум] гардонем ва ишонро вориси [замин] кунем.

Ҳазрати Алӣ (а) дар таъвили ин ояти шарифа мефармояд: «дунё пас аз чамушӣ ва саркашӣ, басони шутуре, ки аз додани шир ба дӯшндааш худдорӣ мекунад ва онро барои бачааш нигаҳдорӣ мекунад, ба мо рӯй хоҳад овард.» Наҳҷулбалоға, Қисор 209. 

Сипас ба тиловати ин ояти шарифа пардохт, ки: وَنُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ. Ибни Абил-Ҳадид дар ин маврид менависад: «Бузургони динӣ ва ҳамфикрони мо бар ин воқеият тасреҳ мекунанд, ки ин баёни Амиралмӯъмини (а) аз омадани имом ва пешвои бузурге аст, ки фармонравоӣ замин ва замон мегардад ва ҳамаи кишварҳо дар қаламрави қудрати ӯ қарор мегиранд.... » (Ҳарҳи ибни Абил-Ҳадид, ҷ 19, саҳ 29).

Ва низ аз Амиралмӯъмини Алӣ (а) овардаанд, ки фармуд: «мустазъафони ёдшуда дар Қуръони Карим, ки Худованд ирода фармудааст ононро пешвои мардуми рӯи замин қарор диҳад, мо хонадони Паёмбарем. Худованд саранҷом «Маҳдии» ин хонаводаро бар меангезоанд ва ба василаи ӯ, ононро ба авҷи шукӯҳ, иззат ва иқтидор мерасонад ва душманонашро ба сахтӣ, ба зиллат мекашд.» (Бҳоруланвор, ҷ 51, саҳ 63).

Ояти 105 сураи муборакаи Анбиё

Қуръон дар навиди дигаре мефармояд:

وَلَقَدْ كَتَبْنَا فِي الزَّبُورِ مِنْ بَعْدِ الذِّكْرِ أَنَّ الْأَرْضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ الصَّالِحُونَ
Ва дар ҳақиқат дар Забур пас аз Таврот навиштем, ки заминро бандагони шоистаи мо ба ирс хоҳанд бурд.

Имоми Боқир (а), дар тафсири ин оят фармуд: هُم اصحابُ المَهدِیِّ فی آخِرِ الزَّمانِ; Онон, ёрони Маҳдӣ дар охируззамон ҳастанд.» (Маҷмаулбаён/ ҷ 7 саҳ 106) ва дар ҳадиси дигаре низ аз ишон ривоят шуда, ки фармуд: هُمُ القائِمُ وَ اصحابُهُ; Ишон, Қоим (а) ва ёврони ӯянд. (Тафсири Қуммӣ / ҷ 2 саҳ 77).

https://iqna.ir/fa/news/4201169

captcha