iqna

IQNA

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари олии инқилоби Эрон таъкид кард
ИКНА - Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари олии инқилоби Эрон дар паёме ба ҳуҷҷоҷи  Байтуллоҳилҳаром таъкид карданд: Лозим аст тамоми ҳоҷиёни ҷаҳон аз режими саҳюнистӣ ва Амрико бароат ҷӯянд.
рақами хабар: 1673    Санаи нашр : 2024/06/15

ИКНА - Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии инқилоби исломии Эрон хотирнишон карданд: эътирозоти донишҷуён дар ҳимоят аз Фаластин дар Амрико, донишгоҳҳоро ба бахше аз ҷабҳаи муқовимат табдил кардааст. Вай дар номае дар 25 май 2024 хитоб ба донишҷуёни донишгоҳҳои амрикоӣ гуфт: «донишҷуёни азиз дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, акнун шохае аз ҷабҳаи муқовиматро ташкил додаед.
рақами хабар: 1620    Санаи нашр : 2024/06/05

ИКНА - Номаи муҳими оятуллоҳ Хоманаӣ , раҳбари инқилоби исломии Эрон ба донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар Амрико бозтобҳои васеъе доштааст.
рақами хабар: 1588    Санаи нашр : 2024/06/01

Раҳбари олии Эрон дар дидори раисҷумҳури Сурия:
ИКНА - Раҳбари олии инқилоби исломии Эрон, муқовиматро ҳуввияти мумтози Сурия донистанд ва гуфтанд: Ҷойгоҳи вижаи Сурия дар минтақа низ ба далели ҳамин ҳуввияти мумтоз аст ва ин вижагии муҳим бояд маҳфуз бимонад.
рақами хабар: 1587    Санаи нашр : 2024/06/01

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ ба ҷавонону донишҷӯни ҳимоятгари Фаластин дар Амрико нома навишта ва хитоб ба онҳо тавсияҳоеро баён намудааст.
рақами хабар: 1585    Санаи нашр : 2024/05/30

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба муносибати оғоз ба кори Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар давраи дувоздаҳум, шаклгирии як маҷлиси тарозро дар гарави таомули мунзабит ва ҳамдилона бо қувои дигар ва рафтори ҷамъии дурусту сабурона дар дохили қувваи қонунгузор дониста ва таъкид кард: Маҷлис бояд ҳамеша оромишбахш ва умедофарин ва барангезонандаи ҳимматҳо ва даъваткунанда ба ҳамдилӣ ва бародарӣ дар муҳити умумии кишвар бошад.
рақами хабар: 1571    Санаи нашр : 2024/05/28

Дар нишасти тахассусии «Воковии номаи раҳбари Инқилоби Эрон ба ҷавонони Аврупо ва Амрико» матраҳ шуд;
ИКНА - Дар 35-ҷумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон, номаи мақоми муаззами раҳбарӣ дар кишварҳои мухталиф мавриди воковӣ қарор гирифт. Дар ин нишаст ишора шуд, ки номаи раҳбари Олии Эрон ба ҷавонони Ғарб онҳоро бедор кард. 
рақами хабар: 1501    Санаи нашр : 2024/05/14

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз душанбе бо ҳузур дар мусаллои Имом Хумайнии шаҳри Теҳрон аз 35-умин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон боздид карданд.
рақами хабар: 1494    Санаи нашр : 2024/05/13

ИКНА - Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон пас аз ҳузур дар марҳалаи дувуми интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломӣ гуфтанд: Аҳамияти марҳалаи дувуми интихобот камтар аз марҳалаи аввал нест ва мардум бо ҳузури худ маҷлисро такмил кунанд.
рақами хабар: 1481    Санаи нашр : 2024/05/11

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз, дар дидори масъулон ва коргузорони ҳаҷ ва ҷамъе аз зоирони Байтуллоҳилҳаром, зикри Парвардигор ва «ваҳдату иртиботи мусулмонон»-ро ду унсури бисёр муҳими маънавӣ ва иҷтимоии фаризаи ҳаҷ хонд ва бо ишора ба ҳодисаи азими Ғазза ва ҷиноятҳои режими хӯношоми саҳюнистӣ гуфт: Ҳаҷи имсол дар партави оёти Қуръони Карим ва ёду номи мубораки ҳазрати Иброҳим (а), бояд фаротар аз ҳар сол, ҳаҷи бароату безорӣ аз ин душмани ҷинояткори мусулмонон ва ҳомиёни он бошад.
рақами хабар: 1465    Санаи нашр : 2024/05/06

Раҳбари Инқилоби Эрон дар дидори ҷамъе аз муаллимон:
ИКНА - Раҳбари муаззами Инқилоби Эрон дар дидори ҷамъе аз муаллимони саросари ин кишвар бо баёни ин ки ташаккур аз муаллим барои тавваҷуҳ додани афкори умумӣ ба аҳамияти муаллим аст, фармуданд: Улгӯҳои ҷомеъаи муъаллимон бояд ба унвони қаҳрамон муаррифӣ шаванд.
рақами хабар: 1437    Санаи нашр : 2024/05/02

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон дар дидори ҳазорон нафар аз коргарон таъкид карданд:
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз дар дидори ҳазорон нафар аз коргарон, бо баёни нақши калидии ҷомеа коргарӣ дар ҷаҳиши тавлид ва беҳбуди вазъи иқтисодии кишвар, ба табйини вазоифи масъулони ҶИЭ барои ҳалли мушкилоти қишри қонеъ ва наҷиби коргар пардохта гуфт: Ҳоли хуби ҷомеаи коргарӣ, ҳоли миллатро ҳам хуб хоҳад кард.
рақами хабар: 1410    Санаи нашр : 2024/04/24

Дар дидор бо фармондаҳони Олии Неруҳои мусаллаҳ матраҳ шуд;
ИКНА - Имом Хоманаӣ гуфт: навоварӣ дар таслеҳоту шеваҳо ва ҳамчунин шинохти равишҳои душман ҳамвора дар дастури кор бошад
рақами хабар: 1395    Санаи нашр : 2024/04/21

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори масъулони низоми исломӣ ва сафирони кишварҳои исломӣ ба муносибати иди саъиди Фитр рӯзи даҳуми апрели 2024 бо баёни табрики ид ва баракатҳои моҳи Рамазон ва зарурати ҳифзи дастовардҳои он дар тули сол ба масъалаи Ғазза ва ҷиноятҳои саҳюнистҳои хабис ва ҳимоятҳои кишварҳои ғарбӣ аз ҷиноятҳои ишғолгарон таъкид кард, ки кишварҳои исломӣ вазифа доранд, ки робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро бо режими хуношоми наслкуш қатъ кунанд ва ин хостаи мо ва ҳамаи миллати исломӣ аст. 
рақами хабар: 1350    Санаи нашр : 2024/04/12

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон асри дирӯз дар дидори дуву ним соата бо ҳудуди се ҳазор нафар аз донишҷӯён ва намояндагони ташаккулҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва илмии донишгоҳҳои Эрон, фардои беҳтар аз имрӯзро мақсуди аслии кишвар ва низоми Эрон хонд ва бо фарохони донишҷӯён ва ташаккулҳои донишҷӯӣ ба ироаи роҳкорҳои нав ба нав барои таҳаққуқи ин ҳадафи асосӣ ва пешрафт бе ақибгарди моддӣ ва маънавии Эрон гуфт: Тарбияти олим, тавлиди илм ва ҷиҳат додан ба ин ду масъала се вазифаи аслии донишгоҳ аст.
рақами хабар: 1335    Санаи нашр : 2024/04/08

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи 15 фарвардини 1403 (3 апрели 2024) бо масъулони низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар моҳи шарифи Рамазон дидор дошт ва суханони муҳиме гуфт, ки бахши марбут ба масъалаи Ғазза тақдими шумо мешавад. 
рақами хабар: 1317    Санаи нашр : 2024/04/04

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ дар паёме ба муносибати шаҳодати сардори посдори Ислом, сарлашкар Муҳаммадризо Зоҳидӣ ва ҷамъе аз ҳамразмони вай ба дасти режими ғосибу ҷинояткори саҳюнист, таъкид кард: “онҳоро аз ин ҷиноят ва монанди он пушаймон хоҳем кард.”
рақами хабар: 1308    Санаи нашр : 2024/04/02

ИКНА - Раҳбари Инқилоби исломии Эрон дар дидор бо дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ва ҳайати ҳамроҳ таъкид кард: Режими саҳюнистӣ қодир ба шикасти неруҳои муқовимат нест.
рақами хабар: 1292    Санаи нашр : 2024/03/29

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидор бо ҷаноби Исмоил Ҳания бо таъкид бар ин ки куштори мардуми Ғазза дар минтақа ҳар инсони соҳиби виҷдонеро мутаасир мекунад, афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзуи ҳимоят аз қазияи Фаластин ва мардуми мазлум ва муқовими Ғазза ҳеҷ тардиде ба худ роҳ нахоҳад дод.
рақами хабар: 1283    Санаи нашр : 2024/03/28

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба муносибати оғози соли 1403 ҳиҷрӣ-шамсӣ, соли ҷадидро соли «Ҷаҳиши тавлид бо мушорикати мардум» номгузорӣ кард.
рақами хабар: 1240    Санаи нашр : 2024/03/21