Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи итилоъ расонии дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати устод Ҳаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ ва рӯзи муаллим, ҳазорон нафар аз муаллимон ва фарҳангёни саросари Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи димрӯз, чаҳоршанбе 12 урдибиҳишт моҳ бо раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон дидор карданд.
Гузидае аз баёноти муаззамунлаҳ ба шарҳи зайл аст:
Ташаккур аз муаллим барои тавваҷуҳ додани афкори умумӣ ба аҳамияти муаллим аст.
Табйини масолеҳи бунёдии кишвар ва низом аз вазоифи муовинати парваришӣ аст. Ҷавонон бояд мантиқи шиори «марг бар Амрико» ва «марг бар режими саҳюнистӣ»-ро бидонанд.
Улгуҳои ҷомеъаи муъаллимон бояд ба унвони қаҳрамон муаррифӣ шаванд.
Ғазза имрӯз масаълаи аввали дунё аст; саҳюнистҳо ва пуштибонони амрикоӣ ва аврупоии онҳо наметавонанд масаълаи Ғаззаро аз дастури кори афкори умумии дунё хориҷ кунанд; ба донишгоҳҳои Амрико ва Аврупо нигоҳ кунед! бояд фишор ба режими саҳюнистӣ рӯз ба рӯз афзоиш пайдо кунад.
Машрӯҳи баёнот ишон мутаоқибан бар рӯи хурӯҷии хабаргузорӣ ирсол мешавад.