Дар мавсими Ҳаҷ, миллионҳо мусалмон аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон бо анҷоми маносики Ҳаҷи таматтуъ — аз тавоф бар хонаи Худо ва саъй миёни Сафо ва Марва, то вуқуф дар Арафа, шабгузаронӣ дар Машъар, қурбонӣ дар Мино ва сангзании Ҷамарот — намоиши беназире аз имон, бандагӣ ва ваҳдати исломиро ба ҷаҳониён арза мекунанд.
рақами хабар: 3443 Санаи нашр : 2025/06/08
Дар доманаи шимолии кӯҳи Уҳуд, воқеъ дар шаҳри Мадина, ду макони таърихӣ паҳлу ба паҳлу қарор доранд, ки хотирасози лаҳзаҳои сарнавиштсоз аз ҷанги Уҳуд ҳастанд: шикофи кӯҳи Уҳуд — ҷое ки Паёмбари Ислом (с) пас аз захмӣ шудан ба он ҷо паноҳ бурд, ва масҷиди Фасх — маҳалли барпо кардани намоз баъд аз анҷоми ҷанг. Ин масҷиди таърихӣ ба тозагӣ бозсозӣ шудааст ва ҳоло дар канори шикофи Уҳуд ба яке аз маконҳои муҳими зиёратӣ ва фарҳангӣ барои зоирон табдил ёфтааст.
рақами хабар: 3392 Санаи нашр : 2025/05/28
ИКНА - Дуввумин даври Конгресси ҳалоли Макка бо ҳузури фаолони 15 кишвар дар Маркази намоишгоҳҳо ва рӯйдодҳои ин шаҳр оғоз гардид.
рақами хабар: 2955 Санаи нашр : 2025/02/26
Ихтисосии ИКНА
ИКНА - Ҳарами амни илоҳӣ ва Каъба ин рӯзҳо шоҳиди хайли азими зоироне аз миллаттҳо, нажодҳо ва қавмиятҳои мухталиф аст, ки бо тарки тааллуқоти дунявӣ, ошиқона худро ба ин макони муқаддас расондаанд то расми бандагӣ ба ҷо оварда ва дар меодгоҳи ошиқон бо маъбуди худ розу ниёз кунанд.
рақами хабар: 1557 Санаи нашр : 2024/05/25
Сураҳои Қуръон / 48
Теҳрон (ИКНА) яке аз сарнавиштсозтарин иттифоқот барои мусулмонони садри Ислом, сулҳи Ҳудайбия буд ва оташбаси 10 сола миёни мусулмонон ва мушрикон барқарор шуд. Ҳарчанд ин, як иттифоқи содда ба назар мерасад, аммо ин сулҳ, пирӯзиҳои бисёреро барои мусулмонон ба ҳамроҳ оварад.
рақами хабар: 308 Санаи нашр : 2023/08/05