IQNA

Сураҳои Қуръон / 48

Муждаи пирӯзии ошкор барои мусулмонон дар сураи Фатҳ

20:35 - August 05, 2023
рақами хабар: 308
Теҳрон (ИКНА) яке аз сарнавиштсозтарин иттифоқот барои мусулмонони садри Ислом, сулҳи Ҳудайбия буд ва оташбаси 10 сола миёни мусулмонон ва мушрикон барқарор шуд. Ҳарчанд ин, як иттифоқи содда ба назар мерасад, аммо ин сулҳ, пирӯзиҳои бисёреро барои мусулмонон ба ҳамроҳ оварад.

Чиҳилу ҳаштумин сураи Қуръони Карим “Фатҳ” ном дорад. Ин сура бо 29 оят дар ҷузъи 26 Қуръони Карим ҷой гирифтааст. Фатҳ, ки сураи маданӣ аст, дар тартиби нузул саду дувоздаҳумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

“Фатҳ” номидани ин сура ба далели он аст, ки дар ибтидои сура, аз фатҳи мубин (пирӯзии дурахшон) сухан мегӯяд. Фатҳе, ки дар ҷараёни сулҳи Ҳудайбия, дар соли шашуми ҳиҷрӣ иттифоқ афтод. Ин сулҳ, оташ баси 10 сола миёни Паёмбар (с) ва мушрикони Макка баста шуд. Ин қарордод, пирӯзиҳои бузурги дигареро дарпай дошт; Монанд: фатҳи Хайбар дар соли ҳафтуми ҳиҷрӣ, фатҳи Макка дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ ва мусулмон шудани теъдоди зиёде аз мушрикон дар ин фосила. Инҳо он “фатҳи мубин” аст, ки сура ба он ном машҳур шудааст.

Мӯҳтавои аслии сураи Фатҳ, паёмовари пирӯзии мусулмонон ва миннате аст, ки Худованд бар Расулаш ва мӯъминон мегузорад ва низ ситоиши онон ва ваъдаҳои зебо ба онон дар дунё ва охират дар ин сура муждаи зиёд шудани мардуми тавҳидгаро ва расидан ба оромиши дил ва ҷон ба онон, ва ҳамчунин муждаи дарёфти подоши имон, ҷиҳод ва ихлос дар охират ва омӯрзиши иштибоҳоти муҷоҳидони роҳи Худо, ҳушдор ба кофирон ва мунофиқон ва тарсими мавқеияти волои Паёмбар ва ҳадафҳои ваҳй ва рисолат мавриди ишора қарор гирифта шудааст.

Ин сура бо масъалаи башорати пирӯзии ошкор оғоз мешавад ва бар таҳаққуқи хоби Паёмбари Ислом (с) мабнӣ бар ворид шудан ба Макка таъкид дорад.. Дар бахши дигаре, аз мақоми Паёмбар ва ҳадафи волои ӯ сухан мегӯяд.

Дар қисмати дигаре, аз коршиканиҳои мунофиқон ва намунаҳое аз узрҳоии беасосашон дар мавриди адами ширкат дар майдони ҷанг сухан мегӯяд ва ба тақозоҳои нобаҷои мунофиқон мепардозад.

Сипас гурӯҳҳое, ки ниёзе нест дар майдони ҷанг ҳозир бошандро муаррифӣ мекунад ва билохира дар бахше низ аз вижагиҳои пайравони мактаби Паёмбари Ислом (с) ва сифоти махсуси онҳо сухан мегӯяд.

 

captcha