Қуръони Карим мефармояд, ки неъматҳо ва зинатҳои илоҳӣ дар дунё асосан барои истифодаи муъминон аст: « قُلْ مَنْ حَرَّمَ زینَةَ اللَّهِ الَّتی أَخْرَجَ لِعِبادِهِ وَ الطَّیباتِ مِنَ الرِّزْقِ قُلْ هِی لِلَّذینَ آمَنُوا فِی الْحَیاةِ الدُّنْیا خالِصَةً یوْمَ الْقِیامَةِ کذلِک نُفَصِّلُ الْآیاتِ لِقَوْمٍ یعْلَمُونَ; “Бигӯ зиварҳоеро, ки Худо барои бандгонаш падид оварда ва [низ] рӯзиҳои покизаро чӣ касе ҳаром гардонида? Бигӯ: ин [неъматҳо] дар зиндагии дунё барои касоне аст, ки имон овардаанд ва рӯзи қиёмат [низ] вижаи онон аст. Ингуна оёт [худ]-ро барои гурӯҳе, ки мидонанд ба равшанӣ баён мекунем”. (Аъроф, ояти 32).
Аммо аз сӯи дигар дар бисёре аз оёт ва ривоёт шоҳидем, ки аз дунёдӯстӣ наҳй шудааст. Савол ин аст, ки мурод аз дунёдӯстӣ дар Қуръон чист?
Дар посух бояд гуфт, ки оёти Қуръон дар бораи дунёро метавон ба се даста тақсим кард;
Нахуст оёте, ки баёнгари мазаммати дунёст. Дар ин даста, дунё бо сифоти назири «Лаҳв ва лаъб» ё саргармӣ ва бозича (Муҳаммад, ояти 36; Ҳадид, ояти 20), «Матоун қалил» ба маънои баҳраи андак (Нисо, ояи 77), «Такосур ва тафохур» фахрфурӯшӣ ва афзӯнталабӣ (Оли Имрон, ояти 185) муаррифӣ шудааст; Ин хислатҳо ҳама умури хиёлӣ ва нопойдор ҳастанд ва ҳеҷкадом барои инсон камоли нафсонӣ маҳсуб намешавад.
Дастаи дувум оёте, ки баёнгари матлубияти дунёст. Ҳарчанд исме аз дунё ба унвони таъриф оварда нашуда, аммо неъматҳои дунё монанди обҳои ҷорӣ, меваҳои гуногун, чорпоён ва киштӣ зиёд такрор шудааст. Ҳамчунин бо сифоти назири хайр: إِنْ تَرَكَ خَيْرًا; “Агар моле аз худ ба ҷой гузорда” (Бақара, ояти 180) ва ҳасана: فَإِذَا جَاءَتْهُمُ الْحَسَنَةُ; “Пас ҳангоме, ки рифоҳ ва неъмат ба онон рӯй мекард” (Аъроф, ояти 131) ва фазли илоҳӣ: يُغْنِيكُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ; “Худованд ҳаргоҳ бихоҳад, шуморо ба фазлаш бениёз месозад” (Тавба, ояти 28) муаррифӣ шудааст.
Дастаи севвум оёте аст, ки тазодди байни ин дуро равшан месозад; Барои намуна мафодди ояти: إِنَّ الَّذِينَ لَا يَرْجُونَ لِقَاءَنَا وَ رَضُوا بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا و اطْمَأَنُّوا بِهَا; “Онҳо, ки имон ба мулоқоти мо (ва рӯзи растохез) надоранд ва ба зиндагии дунё хушнуд шуданд ва бар он такя карданд” (Юнус, ояти 7) табйин мекунад, ки иллати мазаммати дунё, беэътиқодӣ ба қиёмат ва мунҳасир кардани зиндагӣ ба ҳаёти дунёӣ аст. Ҳамчунин таъбир аз дунё ба матоъ: وَ مَا الْحَیاةُ الدُّنْیا فِی الْآخِرَةِ إِلَّا مَتاعٌ; “Ва зиндагии дунё дар [баробари] охират ҷуз баҳраҳои [ночиз] нест”. (Раъд, ояти 26) ба ин ҷиҳат аст, ки худи он ҳадаф нест, балки василае барои расидан ба ҳадаф аст.
Бинобар ин метавон гуфт, ки дунё зотан мазмум нест ва агар ба манзури аҳдофи охират бошад натанҳо мазмум балки матлуб аст. Ба таъбири ҳазрати Алӣ (а) “Дунё василаи дастёбӣ ба охират аст”. (Наҳҷулбалоға, Хутбаи 156). Ончи Қуръон онро мазмум мешуморад, дилбастагӣ ва ризоят додан ба ҳаёти дунявӣ аст. (Юнус, ояти 7); Асосан байни алоқа ба дунёӣ моддӣ ва баҳраи кофӣ бурдан аз дунё бидуни дилбастагӣ тафовути бисёре вуҷуд дорад.