Доштани рӯҳияи шукргузорӣ аз нишонаҳои саломати рӯҳ ва равони одамӣ аст; Зеро инсони шокир дар ҳавзаи шинохт ва биниш ба дараҷае аз рушд ва саломат расида, ки неъматро аз неқмат ташхис медиҳад. Дар ҳавзаи эҳсос ва авотиф баёнгари мубтало набудани фард ба осебҳои рӯҳӣ ва равонӣ ҳамчун ғурур, бухл, кина ва ҳасодат низ ҳаст. Дар ҳавзаи рафтор низ ибрози ташаккур ба забон ва амал низ нишон аз саломати рӯҳ ва равон дорад.
Ба иборати дигар инсони шокир, ҳам дар буъди андеша ва фикр дорои саломат аст ва ҳам дар соҳати авотиф, эҳсосот, рафтор ва амалкард, ин рӯҳияи шукргузории худро буруз додааст. Бинобар ин инсон ҳарчи дорои рӯҳ ва равони латифтар ва солимтаре бошад ин рӯҳияи шукргузорӣ ва қадршиносӣ дар ӯ афзӯнтар аст. Худованди Мутаол мефармояд: وَإِذْ تَأَذَّنَ رَبُّكُمْ لَئِنْ شَكَرْتُمْ لَأَزِيدَنَّكُمْ وَلَئِنْ كَفَرْتُمْ إِنَّ عَذَابِي لَشَدِيدٌ; “Ва [низ ёд кунед] ҳангомеро, ки Парвардигоратон эълом кард, ки агар сипосгузорӣ кунед, қатъан [неъмати] худро бар шумо меафзойем, ва агар носипосӣ кунад, бетардид азобам сахт аст” (Иброҳим, ояти 7).
Гоҳе Қуръон дар канори зикри Худо ба шукргузорӣ фармон дод аст. Ин ҳамнишинӣ нишон медиҳад, ки ёд Худованд ва неъматҳои Ӯ мӯҷиби эҷоди ҳисси шукргузорӣ ва қадрдонӣ мешавад. Ҳамчунин разилти куфрварзӣ ва адами ёдоварии неъматҳои илоҳӣ мӯҷиби куфрони неъмат мешавад, ки Худованд одамиёнро аз он бар ҳазар доштааст: فَاذْكُرُونِي أَذْكُرْكُمْ وَاشْكُرُوا لِي وَلَا تَكْفُرُونِ; “Пас маро ёд кунед то шуморо ёд кунам ва маро сипосгузоред ва куфрони неъмат накунед”. (Бақара, ояти 152)
Имон ва итминон ба муқаддароти илоҳӣ низ мӯҷиби оромиши қалбии бандаи муъмин мегардад. Паёмбари Гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ривояте фармуданд: مَنْ وَثِقَ بِأنَ مَا قَدَّرَ اللَّهُ لَهُ لَنْ يَفُوتَهُ اسْتَرَاحَ قَلْبُهُ; “Ҳаркас итминон кунад, ки ончи Худованд барои ӯ муқаддар карда, аз ӯ фавт намешавад, қалбаш роҳат ва ором мегардад”.