IQNA

Ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза нақзи Конвенсияи Женева аст

20:56 - February 09, 2024
рақами хабар: 1059
ИКНА - Як мақоми аршади Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки тахриби зерсохтҳои ғайри низомӣ  дар Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ нақзи "Конвенсияи Женева" аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дабири кулли ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе гуфт, ки тахриби зерсохтҳои ғайри низомӣ дар Ғазза тавассути режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ нақзи Конвенсияи Женева” аст.

Ба гузориши вебгоҳи шабакаи хабарии “T.R.T”, “Волкер Тарк” ба хабарнигорон гуфт: «тахриби густурдаи амвол, ки ба сурати ғайри қонунӣ ва амдӣ анҷом шуда, ба манзилаи нақзи ошкори Конвенсияи чаҳоруми  Женева ва ҷинояти ҷангӣ аст».

Бар асоси ин гузориш, дар рӯзҳои гузашта девони байналмилалии додгустарӣ, пас аз шикояти Африқои Ҷанубӣ мабни бар муттаҳам кардани Телавив ба иртикоби наслкушӣ, дастури муваққатеро содир кард ва аз режими палид ва ҷинояткори Исроил хост монеи ирсоли кумак ба Ғазза ва беҳбуди вазъияти башардӯстона дар Ғазза нашавад.

Ба гуфтаи мақомҳои беҳдоштии маҳаллӣ, аз замони шурӯъи ҷанг байни Ҳамос ва режими палид ва ҷинояткори Исроил токунун дасти кам 27840 фаластинӣ шаҳид ва 67317 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид, 85 дарсад аз фаластиниҳои Ғазза дар асари ҳамлаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ овора шудаанд ва ҳамаи онҳо аз амнияти ғизоӣ бархурдор нестанд. Инак садҳо ҳазор нафар бидуни сарпаноҳ зиндагӣ мекунанд ва камтар аз ниме аз комиунҳои кумакрасон вориди Ғазза мешаванд.

Ҳамоҳанг кунандаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои раванди сулҳ дар Ховари Миёна, дар бораи амалиёти низомии эҳтимолӣ «комилан фоҷиа бори» режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Рафаҳ воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза ҳушдор дод.

“Тур Венсленд” ҳамоҳанг кунандаи вижиаи Созмони Милали Муттаҳид барои раванди сулҳ дар Ховари Миёна дар ҷараёни нишасти хабарӣ дар «Ню-Йорк» гуфт: «Мо хеле хуб медонем. исроилиҳо аз мо ҳам беҳтар медонанд, аммо барои як амалиёти ҷангии бисёр фаолона дар минтақаи Рафаҳ бо беш аз 1.2 миллион нафар ҷамъияти овораи фаластинӣ барномарезӣ мекунанд. Ин мавзӯъ комилан фоҷиабор хоҳад буд.»

Изҳороти вай пас аз он матраҳ шуда, ки “Юов Галлант”, вазири ҷанги режими хуношом ва кӯдаккуши саҳюнистӣ унвон кард, ки ҳадафи баъдии артиши ин режим дар Ғазза, минтақаи «Рафаҳ» хоҳад буд ва муддаӣ шуд, ки ин охирин пойгоҳи боқимонда аз гурӯҳи фаластинии Ҳамос аст, ки бояд мавриди ҳамла қарор гирад.

https://tajikpress.com/2024/02/09/

captcha