Ба гузориш манобеи хабарӣ, Марокаш ба думболи ёфтани ҷои по барои худ дар иқтисоди маҳсулоти ҳалоли Русия аст, кишваре, ки беш аз 20 миллион мусулмон дар он зиндагӣ мекунанд, ки 15 миллион нафар аз онҳо бумӣ ҳастанд ва бештар дар минтақаи Волга, Урал ва Қафқози шимолӣ сукунат доранд.
Дар ҳамин росто, ҳайате аз анҷумани содиркунандагони Марокаш (ASMEX) ва муассисаи стандарти Марокаш (Imanor) дар чаҳордаҳумин конфронси байналмилалии маҳсулоти ҳалол дар Маскав, ки тавассути идораи маънавии мусулмонони Федератсияи Русия баргузор мешавад, ширкат мекунанд.
Бар асоси гузоришҳои хабарӣ, Марокаш ба думболи ёфтани бозорҳои ҷадид барои сабзиҷот аст, ки таҳти таъсири афзоиши аворизи гумрукии эъмол шуда тавассути Мавритания ва мушкилоти бозори Аврупо ба далели эътирози кишоварзон қарор гирифтааст.
Сиву якумин намоишгоҳи байналмилалии тағзия, нӯшиданӣ ва ғизо (Prodexpo 2024) дарҳоле баргузор шуд, ки дар он тавофуқномае дар мавриди шиносоии мутақобили бозори ҳалоли Марокаш ва Русия имзо шуд.
Ин амр дар чорчуби тавофуқномаи ҳамкории имзо шуда дар соли 2020 байни анҷумани содиркунандагони Марокаш (ASMEX), маркази байналмилалии стандарт ва судури гувоҳиномаи ҳалоли Русия ва сандуқи тавсеаи Евразия бо ҳадафи тақвияти равобити Марокаш дар ҳавзаи тиҷорати ҳалол анҷом шуд.
Ҳадафи ин барнома эҷоди мушорикатҳои баландмуддат барои тавсеаи санъати ҳалол дар чорчуби равобити Русия ва Марокаш ва ҳамчунин табодули таҷрибиёт аст.