Ба гузориши манобеи хабарӣ, Муҳаммад Мухтор Ҷумъа, вазири авқофи Миср дар дидори устондори Синои Ҷанубӣ дар бораи мусобиқаи байналмилалии навобиғи Қуръони Карим ва фарҳанги исломие, ки дар ин устон баргузор хоҳад шуд гуфтугӯ кард.
Вазорати авқофи Миср дар баёнияе эълом кард, ки ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа ташвиқи нобиғаҳои ҳифзи Қуръони Карим ва фарҳанги исломӣ аз Ҷумҳурии Миср ва тарғиби барҷастатарин истеъдодҳои қуръонӣ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва огоҳӣ сохтани онон аз таҷориби Миср дар хидмат ба Қуръони Карим ва ишоаи андешаи равшангаронаи динӣ аст.
Бино бар эъломи авқофи Миср ин мусобиқот дар чаҳор ришта баргузор мешавад:
Бахши аввал; Вижаи бародарони мустаиди ҳофизи Қуръони Карим зери 35 сол аст, ки дар яке аз мусобиқоти байналмилалии мӯътабар рутбаи аввал ё дувумро касб карда бошанд.
Бахш дувум; Вижаи хоҳарони зер 35 сол аст, ки дар ҳифзи Қуръони Карим мумтоз буда ва дар мусобиқоти байналмилалӣ мавриди таъйид, мақоми аввал ё дувумро касб кардаанд.
Бахши севум; Вижаи навҷавонони зери 15 сол, ки дар яке аз мусобиқоти байналмилалии мӯътабар мақоми аввал, дувум ё севумро касб карда бошанд.
Бахши чаҳорум; Фарҳанги исломӣ ва арабӣ, ки вижаи довталабони зери чиҳил сол аст, ки дар ҳар як аз мусобиқоти дохилии авқофи Миср мақоми аввал ё дувумро дар риштаи тафсири Қуръони Карим, суннати Паёмбар, сираи Паёмбар, хитоба, ибтиҳоли динӣ ва суханронии фасеҳ касб карда бошанд.
Мусобиқот дар ду марҳала анҷом мешавад:
Марҳалаи аввал: мусобиқоти маҳаллӣ бо ҷавоизи ним миллион павнди Миср (17000 доллар), ки 125 ҳазор павнд барои бахши аввал, 125 ҳазор павнд барои бахши дувум, 100 ҳазор павнд барои бахши севум ва 150 ҳазор павнд барои бахши чаҳорум аст ва ду нафар дар ҳар бахш аз мусобиқаи байналмилалӣ кондид мешаванд.
Марҳалаи дувум: дорои ҷавоизе ба маблағи 2 миллион павнд, бахши аввал 500 ҳазор павнд, бахши дувум 500 ҳазор павнд, бахши севум 250 ҳазор павнд, бахши чаҳорум 500 ҳазор павнд ва 250 ҳазор павнд ба унвони ҷавоизи ташвиқӣ.
Рақобати довталабони мисрӣ дар бахши дохилӣ дар устони Шармушайх аз рӯзи шанбе, 20 апрел 2024 мелодӣ то сешанбе 23 апрел 2024 мелодӣ баргузор мешавад, дар ҳоле, ки бахши байналмилалӣ дар рӯзи ҷумъа, шашуми муҳаррам 1446 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ бо 12 июл 2024 баргузор мешавад.