Қуръони Карим дар бораи рӯзи қиёмат мефармояд: فَالْيَوْمَ لَا تُظْلَمُ نَفْسٌ شَيْئًا وَلَا تُجْزَوْنَ إِلَّا مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ; “Дар ин рӯз ба ҳеҷ кас заррае ситам намешавад ва ҷуз ончиро анҷом медодед подош дода намешавед” (Сураи Ёси, ояти 54). Ин ояти шарифа сароҳатан мефармояд, ки ҷазои ҳар амале худи ҳамон амал аст; Яъне дар ҳақиқат як чиз аст, ки ба эътибори амал ва ба дигари эътибор ҷазо аст.
Дар ояти дигаре дар бораи ҳузури аъмоли инсон дар маҳшари қиёмат мефармояд: يَوْمَ تَجِدُ كُلُّ نَفْسٍ مَا عَمِلَتْ مِنْ خَيْرٍ مُحْضَرًا وَمَا عَمِلَتْ مِنْ سُوءٍ تَوَدُّ لَوْ أَنَّ بَيْنَهَا وَبَيْنَهُ أَمَدًا بَعِيدًا; “Рӯзе, ки ҳар кас он чиро аз кори нек анҷом дода ва он чиро аз кори зишт муртакиб шуда ҳозир шуда меёбад ва орзӯ мекунад ки ъй кош миёни ӯ ва корҳои зишташ замони дур ва дарозе фосила буд” (Сураи Оли Имрон, ояти 30). Бинобар ин инсон дар қиёмат бо мушоҳидаи чеҳраи малакутии аъмоли зишт, оризӯ мекунад, ки фосилаи ӯ то он амали таҷассумёфта бисёр зиёд бошад.
Оромиши инсон дар қиёмат ва биҳишт низ ҳамин гуна аст. Қуръони Карим мефармояд: الَّذِينَ آمَنُوا وَلَمْ يَلْبِسُوا إِيمَانَهُمْ بِظُلْمٍ أُولَئِكَ لَهُمُ الْأَمْنُ وَهُمْ مُهْتَدُونَ; “Касоне, ки имон оварда ва имони худро ба зулм (ширк) наёлудаанд, эминӣ танҳо аз они онҳост; Ва онҳо ҳидоятёфтагонанд” (Сураи Анъом, ояти 82). Яъне инсони мӯъмине, ки дар дунё ба хотири имон ва итминони ба Худо оромиш пайдо намуда, аз ҳарорати яъс ё изтиробҳои ахлоқӣ наҷот пайдо карда буд, дар охират дар мақоми амни илоҳӣ аст. Бинобар ин малакути нафси мӯъмин ба сурати биҳишт зоҳир мешавад.
Албатта чӣ биҳиштро таҷассуми аъмол ва зоҳир шудани ҳақиқати нафси муъмин бидонем ва чӣ ба унвони ҷазои амали маҳсуб кунем, натиҷа яке аст. Қуръони Карим мефармояд: وَأُزْلِفَتِ الْجَنَّةُ لِلْمُتَّقِينَ غَيْرَ بَعِيدٍ; “(Дар он рӯз) биҳиштро ба парҳезгорон наздик мекунанд ва фосилае аз онон надорад”. (Сураи Қоф, ояти 31). Дар ҳоле биҳишт (таҷассуми аъмол ё ҷазои амал)-ро барои парҳезкорон наздик мекунанд, ки аз онон дӯр нест. Дар бораи оташи ҷаҳаннам низ мефармояд: نَارُ اللَّهِ الْمُوقَدَةُ الَّتِي تَطَّلِعُ عَلَى الْأَفْئِدَةِ; “Оташи барафрӯхтаи Худо, ки аз дилҳо сармезанад”. (Сураи Ҳумаза, ояти 6-7). Оташ бар дили ӯ забона мезанад.