IQNA

Ал-Азҳар: Куштори оворагони фаластинӣ дар Ғазза лаккаи нанге бар пешонии башарият аст

7:14 - March 02, 2024
рақами хабар: 1153
ИКНА - Маркази исломии Ал-Азҳари Миср бо судури баёнияе, иқдоми низомиёни режими саҳюнистӣ дар ҳадаф қарордодани оворагони фаластинӣ дар Ғазза, ки мунтазири кумакҳои ғизоӣ будандро ба шиддат маҳкум кард ва ин ҷиноятро лаккаи нанге бар пешонии башарият донист.

Ба гузориши манобеи хабарӣ; Маркази исломими Ал-Азҳари Миср, шомгоҳи панҷшанбе бо судури баёнияе, ки дар ҳисоби корбарии ин марказ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, ҷинояти ҷадид режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар ҳаққи оворагони фаластиниро, ки дар наздикии хиёбони “Ар-Рашид” воқеъ дар ғарби Ғазза мунтазири кумакҳои инсонӣ буданд, ба шиддат маҳкум кард.

Дар ин баёния омадааст: Ҳадаф қарор додани оворагони ташна ва гурусна пас аз қаҳтиҳои таҳмилии режими ҷинояткор ва хуношоми саҳюнистӣ, ки боиси шаҳодати даҳҳо тан аз онҳо ва захмӣ шудани садҳо тани дигар шуд, лаккаи нанге бар пешонии башарият аст, ки дар қиболи рухдодҳои ғизо сукут кардаанд.

Маркази исломи Ал-Азҳари Миср дар ин баёния таъкид кард: Ин ҷиноят, ҷинояти ҷангии ҷадиде аст, ки ба корномаи сиёҳи ва нангини саҳюнистҳо ва кушторҳои ваҳшиёнаи онҳо, ки ҳатто ҳайвоноти ҷангл ҳам аз он барӣ ва дур ҳастанд, изофа мешавад.

Ал-Азҳар, дар поёни ин баёния аз ҳамаи ҷаҳониён хоста, ки аз хоби амиқи бесобиқа дар таърихи башарият бедор шаванд ва барои таваққуфи ин муҳосираи ғайри инсонӣ башитобанд ва ин режимро водор ба ақиб нишинӣ ва таваққуфи ҷиноятҳояш дар ҳаққи мардуми мазлум ва бегуноҳони Ғаззо карда ва заминаро барои ҳузури эмини корвонҳои кумакҳои башардӯстона дар манотиқи Ғазза фароҳам кунанд.

Ёдовар мешавад, ишғолгарон ва кӯдаккушони артиши палиди саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбе, ба самти ҳазорон шаҳрванди Фаластиние, ки дар минтақаи “Шайх Аҷлин” воқеъ дар ғарби Ғазза мунтазири расидани камиюнҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона буданд, шиллик карданд, ки бар асоси охирин омор, 109 нафар шаҳид ва садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

https://iqna.ir/00HdLs

captcha