Ҳасодат аз ҷумла аввалин фасодҳои ахлоқӣ аст, ки фарзандони Одам дар замин ба он мубтало шуданд. Ҳасодат дар таърифи омиёна яъне инсон аз неъмате, ки Худованд ба дигарӣ медиҳад нороҳат шавад; Ҳасуд дар поинтарин марҳалаи ҳасодат орзӯи инро дорад, ки он неъмат аз байн биравад ва дар болотарин марҳала барои аз байн рафтани он неъмат талош мекунад.
Ҳасодат дар Қуръон дар қолаби мухталифе аз ҷумла достони Ҳобил ва Қобил, достони ҳазрати Юсуф (а) ва бародаронаш ва ҳамчунин ҳасодат ба мақоми набуввати Паёмбари Гиромии Ислом (с) матраҳ шудааст. Қуръони Карим дар сураи фалақ онро яке аз манобеъ ва сарчашмаҳои тахриб ва фасод дар олам муаррифӣ мекунад ва ба Паёмбар (с) амр мекунад, ки аз шарри ҳасудон ба Худованд паноҳ бибар: وَ مِنْ شَرِّ حاسِدٍ إِذا حَسَد; “Ва (паноҳ мебарам) аз шарри ҳар ҳасуде ҳангоме, ки ҳасад меварзад”.
Нахустин ривояти ҳасад, ҳасодати Қобил нисбат ба бародараш Ҳобил буд, он ҳам ба ҷиҳати инки Худованд қурбонии Ҳобилро пазируфт, вале қурбонии ӯро напазируфт ва ин мавзӯъ баҳона ва ангезае барои куштани бародараш шуд. و اتل نبأ ابنی آدم بالحقّ اذا قرّباً قرباناً (Сураи Моида, ояти 27)
Дар ояти 51 сураи Нисо омадааст, ки бархе яҳудиён ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи бутпарастони Макка, гувоҳӣ доданд, ки бутпарастии Қурайш аз Худопарастии мусулмонон беҳтар аст. Дар ояти 54, қазовати ононро беарзиш мехонад; Зеро назари онон аз ҳасодат ба Паёмбари Акрам сарчашма мегирад: أَمْ یحْسُدُونَ النَّاسَ عَلَیٰ مَا آتَاهُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ ۖ فَقَدْ آتَینَا آلَ إِبْرَاهِیمَ الْکِتَابَ وَالْحِکْمَةَ وَآتَینَاهُمْ مُلْکًا عَظِیمًا (Нисо, ояти 54).
Дар ривояти мутааддиде, ки дар манобеи аҳли тасаннун ва шиа омадааст ва қаринаи «Оли Иброҳим» дар ин оят бардошт мешавад, ки Паёмбари Акрам (с) ва хонадони ӯ мавриди ҳасодат қарор гирифтаанд. Қуръони Карим мефармояд, ки қазоватҳои нодурусти онон аз ҳасодаташон сарчашма мегирад ва ба ҳамин далел беарзиш аст, онҳо бар асари зулм ва ситам ва куфрони неъмат, мақоми набувват ва ҳукуматро аз даст доданд, ва ба ҳамин ҷиҳат моил нестанд ин мавқеияти илоҳӣ ба дасти ҳеҷ кас супурда шавад, ва лизо нисбат ба Паёмбари Ислом (с) ва хонадонаш, ки машмули ин мавҳибати илоҳӣ шудаанд ҳасад меварзанд, ва бо он гуна қазоватҳои беасос мехоҳанд обе бар шӯълаҳои оташи ҳасади хеш бипошанд.
Оят барои аз байн бурдни ҳасодати яҳудиён неъматҳое, ки ба Оли Иброҳим дода астро бармешуморад ва инки яҳудиён онҳоро дар мавриди Оли Иброҳим пазируфтаанд, аммо чаро дар мавриди инон намепазиранд. Бар асоси оят, китоб, ҳикамат ва мули азим ба Оли Иброҳим дода шудааст.
Ҳасодат аз ҷумла гуноҳоне аст, ки ҳангоме, ки фард ба он мубтало шуд, сирфан дар ҳадди ҳасодат таваққуф намешавад, балки муқаддамоти гуноҳҳони дигарро фароҳам мекунад. Ҳасуд роҷеъ ба шахси дигар бадгӯӣ мекунад, душманӣ мекунад ва ҳаркореро анҷом медиҳад то неъмате, ки ӯ дорад, аз байн биравад. Ба ҳамин далел дар ривояте аз Имом Алӣ (а) ҳасодат сарчашмаи сифоти разила муаррифӣ шудааст. Тафаккур дар бораи осебҳои ҳасад, тақвияти ақл ва тақвияти имон ва таваҷҷуҳ ба ҳикматҳои Худованд аз ҷумла роҳҳои илмӣ ва амалии донишмандони илми ахлоқ барои дармони бемории ҳасад аст.