Суизан, гумони бад нисбат ба Худованд ё муъмин аст, ки дар оёт ва ривоёт аз он наҳй шудааст. Бадбинӣ ва манфи нигарӣ ва суизан яке аз рзоили ахлоқӣ аст бо асари баде, ки рӯи худи шахс ва атрофиёнаш мегузорад, балки зиндагиро дар коми инсон талх ва ғайри қобили таҳаммул мекунад.
Суизан аз назари Ислом, гуноҳ маҳсуб мешавад; Худованди олам мефармояд: يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنُوا اجْتَنِبُوا كَثيراً مِنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ الظَّنِّ إِثْمٌ وَ لا تَجَسَّسُوا وَ لا يَغْتَبْ بَعْضُكُمْ بَعْضاً (Ҳуҷурот, 12) дар ин оят бо сароҳат аз гумони бад наҳй шуда ва муқаддимае барои ғайбат шумурда шудааст бо ин ҳол ин савол пеш меояд, ки чаро таъбири «كَثيراً مِنَ الظَّنِّ» (Бисёре аз гумонҳо) дар ин оят овардашуда, ба ин хотир аст, ки бештарини гумонҳои мардум дар ҳаққи якдигар гумонҳои бад аст.
Яке аз мавориде, ки боиси аз байн рафтани эътимод дар ҷомеа ва ба табаи он боиси вайрон шудани бунён ва асоси ҷомеа мешавад фикри бад кардан роҷеъ ба дигарон аст; Бадеҳӣ аст инсон ҳамонгуна, ки фикр мекунад рафторе мекунд ва рафтори ӯ нишонаи аз он чизе аст, ки дар зеҳнаш мегузашта. Бинобар ин касе, ки ҳамвора нисбат ба дигарон фикри бад мекунад боис мешавад, ки рафтори баде бо дигарон дошта бошад ва эътимоди дигарон аз ӯ салб мешавад. Қуръони Карим мефармояд: وَ ظَنَنْتُمْ ظَنَّ السُّوْءِ وَ کُنْتُمْ قَوْما بُورا (Фатҳ, 12); Яъне суи зан дили инсонро нобуд ва шахсияти ӯро табоҳ мекунад.
Дар ояти дигар Худованд ба шохаи дигар аз гумони бад ишора мекунад, ки он гумони бад нисбат ба Худованди Мутаол аст.: وَيُعَذِّبَ الْمُنَافِقِينَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْمُشْرِكِينَ وَالْمُشْرِكَاتِ الظَّانِّينَ بِاللَّهِ ظَنَّ السَّوْءِ; (Низ) мардон ва занони мунофиқ ва мардон ва занони мушрикро, ки ба Худо гумони бад мебаранд муҷозот кунад (фатҳ: 6)
Гумони баде, ки онҳо ба Худо бурданд ин буд, ки ваъдаҳои илоҳӣ ба Раёмбараш ҳаргиз таҳаққуқ нахоҳад ёфт ва мусулмонон натанҳо бар душманон пирӯз намешванд, дар ҳоле, ки Худованд ваъдаи пирӯзӣ ба мусулмонон дода буд ва саранҷом чунин шуд. Ин, ки мунофиқон ва мушрикон гирифтори гумони бад нисбат ба Худо ҳастанд дар ҳоле, ки қалби муъминон аз гумони хуб лабрез мебошад, ба ин далел аст, ки мушрикон ва мунофиқон зоҳири корҳоро мебинанд, дар ҳоле, ки муъминони ростин ба ботин ва даруни корҳо таваҷҷуҳ доранд.
Ба ҳар ҳол Қуръони Карим ин суизанро шадидан накӯҳиш мекунад, ва ваъдаи азобҳои дарднокро ба соҳибони он медиҳад.