Ба гузориши пойгоҳи иттилоъ расонии остони Алавӣ, ҳарами мутаҳҳари Имом Алӣ (а) дар Наҷафи Ашраф дар дувумин шаби Қадр, ки мусодиф бо шаби шаҳодати ин имоми ҳумом буд, шоҳиди ҳузури миллионии зоироне буд, ки аз саросари Ироқ ва кишварҳои мухталиф худро ба ин макони муқаддас расонда буданд.
Зоирони боргоҳи Алавӣ дар шаби шаҳодати Имом Алӣ (а) ба ибодат ва розу ниёз бо маъбуди худ пардохтанд ва ба муносибати шаҳодати ин имоми бузургавор азодорӣ ва сӯгворӣ карданд.
Дар ҳамин росто, ходимони остони Алавӣ ва ҳудуди 2 ҳазор неруи довталаб, тамоми тавони худро барои ироаи хадамоти майдонӣ, ибодӣ, амниятӣ, расонаӣ, пазироӣ, таблиғӣ ба зоирон басиҷ карданд.
Ҳамчунин тавлияти остони муқаддаси Имом Алӣ (а) бо ҳамоҳангии идороти амниятӣ, беҳдоштӣ ва шаҳрдории Наҷаф, талошҳои истисноӣ барои хидматрасонӣ ба зоирин дар заминаи пазироӣ ва ҳамлунқл анҷом дод.
https://iqna.ir/00Heg2