Рӯзадорӣ, фавоиди бисёреро барои ҷисм ва рӯҳи инсон ба армағон меоварад. Аз ҳамин руст, ки дини Ислом рӯзаро воҷиб қарор дода то касе аз ин фавоид маҳрум нашавад. Дар суханоне, ки аз Расули Акрам (с) боқӣ мондааст, метавон осор ва фазоили бисёреро барои рӯзадорӣ ёфт.
Расул Худо (с) дар сухане мефармоянд: «صُومُوا تَصِحُّوا»; «Рӯза бигиред то тандуруст бимонед». Имрӯза рӯза ба унвони як равиши дармони назди пизишкон шинохта мешавад. Дониши пизишкӣ мӯътақид аст анвои бемориҳо аз ғизоҳои изофие, ки аз меъда мегузарад ва дар бадан масраф намешавад, сарчашма мегирад. Ин маводи ғизоӣ изофа, тавлиди уфунатҳое мекунад, ки беҳтарин шароит барои рушди бактериҳо ва микрубҳо аст. Бинобар ин, асоси дармони ҳамаи ин бемориҳо низ масрафкардан ва нобуд сохтани он маводди изофӣ аз тариқи гуруснагӣ ва имсок аз ғизост. Расули Худо (с) низ ба ҳамин ҳақиқати илмӣ ишора карда ва дар сухане фармудаанд: «المعدةُ بيتُ كلّ داءٍ، و الحَمئةُ رأسُ كلِّ دواء» «Меъда хонаи тамоми дардҳост ва худдорӣ, болотарин дору ҳост».
Рӯза яке аз роҳҳои маҳори туғён шаҳвати ҷинсӣ аст ва миёни покдоманӣ ва рӯза, робитаи мустақим вуҷуд дорад. Қуръони Карим мефармояд: «وَ لْيَسْتَعْفِفِ الَّذينَ لا يَجِدُونَ نِكاحاً حَتَّى يُغْنِيَهُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ ...»; «Ва касоне, ки [василаи] издивоҷи намеёбанд бояд покдомнӣ пеша кунанд то Худо ононро аз фазли худ тавонгаршон созад» (Нур/33). Паёмбари Акрам (с) дар сухане, ба ҷавононе, ки ҳанӯз имкони издивоҷ барояшон фароҳам нашуда, тавсия ба гирифтани рӯза намудаанд.
Дар омӯзаҳои дини Ислом, таъкид шудааст, ки фарди рӯзадор бо таҳаммули гуруснагӣ ва ташнагӣ ба ёди гуруснагӣ ва ташнагии рӯзи қиёмат меафтад ва аз ин тариқ, худро ислоҳ мекунад. Паёмбари Акрам (с) дар хутбае, ки пеш аз оғози моҳи мубораки Рамазон барои асҳоби худ баён кардаанд, ба ин ҳақиқат чунин ишора мекунанд: «وَ اذْكُرُوا بِجُوعِكُمْ وَ عَطَشِكُمْ فِيهِ جُوعَ يَوْمِ الْقِيَامَةِ وَ عَطَشَهُ وَ تَصَدَّقُوا عَلَى فُقَرَائِكُمْ وَ مَسَاكِينِكُمْ»; «Ва бо гуруснагӣ ва ташнагӣ рӯза, ба ёди гуруснагии рӯзи қиёмат ва ташнагии он биафтед, ва (онгоҳ) ба фуқаро ва ниёзмандони худ садақа бидиҳед». Афроди сарватманд дар ҷомеа, ҳаргоҳ бихоҳанд метавонанд ҳар хӯрокии мавриди алоқаи худро таҳия карда ва майл кунанд. Аммо фуқаро чунин имконеро надоранд ва бисёре аз хӯрданиҳоро дар умри худ масраф намекунанд. Ба ҳамин далел рӯза воҷиб шудааст то навъе мусовот миёни фақир ва ғаниро дар ҷомеа мӯҷиб шавад ва сарватмандон низ таъми гуруснгие, ки фуқаро таҳаммул мекунанд, ҳарчанд дар айёми кӯтоҳ аз сол бичашанд.