IQNA

Чаҳоршанбе дар Теҳрон

Бузургдошти шаҳид Оятуллоҳ Раисӣ аз сӯи ҷомеаи фаъолони қуръонӣ баргузор мешавад

20:57 - May 28, 2024
рақами хабар: 1575
ИКНА - МаросимИ бузургдошти шаҳид Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури қуръонӣ ва ҳамроҳони ишон аз сӯи ҷомеаи қуръонии кишвари Эрон дар Теҳрон баргузор мешавад.

Ба гузориши ИКНА, маросими бузургдошти шаҳиди Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ,, раисҷумҳур ва ҳамроҳони ишон аз сӯи ҷомеаи қуръонии кишвари Эрон шомили устодон, қориён, ҳофизон ва фаъолони умури қуръонӣ баргузор мешавад.

Ин маросим чаҳоршанбе 9 Хурдод, аз мавъиди намози мағриб дар ҳусайнияи ҳазрати Заҳро (с) муҷтамаи имом Хумайнӣ (рҳ) воқеъ дар бузургроҳи шаҳид Сулаймонӣ барпо хоҳад шуд.

Ёдовар мешавад, раисҷумҳури фақид ва ҳайати ҳамроҳ барои ифтитоҳи сади Қизқалъасӣ, сади обии муштараки Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва такмил ва тавсеаи сади Худоофарин, 30 урдибиҳиштмоҳ ба шаҳри марзии Худоофарин сафар карда буданд ва дар бозгашт ба шаҳри Табрез, болгарди ҳомили ишон ва ҳамроҳон дар иртифоъоти наздики шаҳри Варзақон суқут кард ва ҳамагии сарнишинон ба дараҷаи рафеъи шаҳодат ноил омаданд.

بزرگداشت رییس جمهور قرآنی برگزار می‌شود

https://iqna.ir/fa/news/4218551

captcha