Қуръони Карим бо «яҳуд» ба масобаи як қавм бархурд мекунад, аммо ба таври куллӣ ин мавзеъгирӣ ба ду сурат аст; Яке нозир ба яҳудиёне аст, ки имон ба Худованди якто доранд, ба маод мӯътақиданд ва амали солеҳ анҷом медиҳанд, ки инҳоро аҳли китоб меномем ва дигар яҳудиёне ҳастанд, ки имон ба Худо ва маод надоранд ва дар муқобили дини Ислом тавтеа мекунанд, дар воқеъ ин даста аз яҳудиён мавриди хитоби оёте ҳастанд, ки сифоти манфӣ қавми яҳудро зикр кардаанд.
Дар сураи Оли Имрон тасреҳ дорад, ки ҳамаи аҳли китоб яксон нестанд, сипас сифоти хуби гурӯҳе аз аҳли китобро баён медорад, ки шомили қиём ба итоати Худо, тиловати китоби осмонӣ, саҷда, амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва суръат дар корҳои хайр аст: لَيْسُوا سَواءً مِنْ أَهْلِ الْكِتابِ أُمَّةٌ قائِمَةٌ يَتْلُونَ آياتِ اللَّهِ آناءَ اللَّيْلِ وَ هُمْ يَسْجُدُونَ * يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَيُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَأُولَٰئِكَ مِنَ الصَّالِحِينَ (Оли Имрон: 113-114).
Ҳатто дар сураи Моида дар оёте, ки ба аҳдшиканӣ ва гуноҳони бузурги онон ишора дорад, боз гурӯҳи миёнарав ва мӯътадили ононро тафкик мекунад, ки бо ин кор рӯйкарди нажодпарастона ва яҳудситезӣ ба куллӣ тард ва нафй мешавад: وَلَوْ أَنَّهُمْ أَقَامُوا التَّوْرَاةَ وَالْإِنْجِيلَ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْهِمْ مِنْ رَبِّهِمْ لَأَكَلُوا مِنْ فَوْقِهِمْ وَمِنْ تَحْتِ أَرْجُلِهِمْ مِنْهُمْ أُمَّةٌ مُقْتَصِدَةٌ وَكَثِيرٌ مِنْهُمْ سَاءَ مَا يَعْمَلُونَ (Моида: 66). Ҷолиб онки зимни тарфиъи ҷойгоҳи Таврот ва Инҷил, амал ба онҳоро заминаи нузули баракот аз осмон ва замин унвон мекунад.
Ҳатто дар як ҷараёни таърихӣ, ки аҳли китоб дар ҳукме ба Паёмбар(с) руҷуъ карданд, мефармояд: وَكَيْفَ يُحَكِّمُونَكَ وَ عِنْدَهُمُ التَّوْرَاةُ فِيهَا حُكْمُ اللَّهِ. Сипас дар васфи Таврот мефармояд: إِنَّا أَنْزَلْنَا التَّوْرَاةَ فِيهَا هُدًى وَنُورٌ يَحْكُمُ بِهَا النَّبِيُّونَ الَّذِينَ أَسْلَمُوا لِلَّذِينَ هَادُوا وَالرَّبَّانِيُّونَ وَالْأَحْبَارُ (Моида: 44). Аммо дар идомаи сураи Моида ба гуноҳони бузурги мутааддиди (гурӯҳи дувум) аз ҷумла адами иқомаи Таврот ва аз он болотар таҳриф ва ғулув дар оини яҳудият ишора мефармояд (Моида: 41-88), ки дар ниҳоят боис мешавад ин гурӯҳ робитаи беҳтаре бо кофирон ва бутпарастон барқарор кунанд: تَرَى كَثِيرًا مِنْهُمْ يَتَوَلَّوْنَ الَّذِينَ كَفَرُوا (Моида: 80). Ба ҳамин далел мефармояд, ки ин гурӯҳи яҳудиён дар канори бутпарастон бадтарин душманони мусулмонон ҳастанд: لَتَجِدَنَّ أَشَدَّ النَّاسِ عَدَاوَةً لِلَّذِينَ آمَنُوا الْيَهُودَ وَالَّذِينَ أَشْرَكُوا (Моида: 82).